«Фаъолият дар сохтори қудратӣ шараф аст», мегӯяд Гурдофариди тоҷик

Март 7, 2016 14:20

         “Мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад”.

                                               Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат

 

Душанбе,07.03.2016.(АМИТ “Ховар”).-Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.

Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони касбу кори гуногун бо чанд савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагони арҷманд намояд.

Ин навбат ба саволҳои хабарнигори «Ховар» бонуи фаъол ва муваффақ сарнозири Раёсати ҳамкории байналмилалии гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники  хадамоти гумрук Мирзошоева Сулҳия Ҳошимовна посух гуфт:

 Модар -бузургтарин шахс барои инсон аст

   

       «Ховар»: Сулҳия Ҳошимовна, сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?

Сулҳия: Аз Абиабдуллоҳ (р) ривоят шудааст, ки гуфт: Шахсе ба ҳузури Паёмбари гиромӣ (с) расид ва аз боби некӣ ба падару модар пурсиш намуд. Он Ҳазрат фармуд: Ба модарат некӣ кун, ба модарат некӣ кун, ба модарат некӣ кун! Сипас афзуд: Ба падарат низ некӣ кун.

Модар бузургтарин шахс дар зиндагии ҳар як инсон аст. Ман бениҳоят шодам, ки 8 март бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари офтобрӯяи мо чун Рӯзи Модар, рӯзи бузургдошти инсоне, ки офаранда аст, таҷлил мегардад.

Оила ҷузъи таркибии ҷомеа ё худ иттиҳоди хурд дар дохили давлати бузург мебошад. Агар дар ҳақиқат ҳам чунин аст, пас дар баробари фурӯзон нигоҳ доштани чароғи оила, зан ҳамзамон дар пешрафти ҷомеа низ саҳмгузор мебошад.

Ба тасвиб расидани Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ва барномаҳои давлатии  “Самтҳои асосии давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии марду занон барои солҳои 2007-2010 ” ва “Тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифат, ба соҳибкорӣ ва корҳои ҷамъиятӣ, инчунин вазифаҳои роҳбарикунанда  бештар ҷалб гардидани  занҳо мусоидат намуд.

Имрӯз дар миқёси кишварамон бахше нест, ки дар он занон фаъолона иштирок надошта бошанд. Ҳатто дар соҳаҳое, ки қаблан мардон фаъолият мекарданд, имрӯз занон роҳ ёфтаву сарбаландона кор мекунанд ва аз ҳисоби меҳнати босамари хеш зиндагиашонро пеш мебаранд.

Занро ҷинси латиф мегӯянд, вале новобаста аз латофату назокати худ, бонувони баору номуси тоҷик баробар бо мардон чун дар ҳама давру замон фаъолияти босамар доранд. Модарони азизу хоҳарони меҳрубони мо ба хубӣ дарк кардаанд, ки неруи  бузурге ҳастанд, зеро иродату рисолаташон аз бузургии модар сарчашма мегирад.

 

    Фарзанд беҳтарин неъматест, ки модар ба дунё меорад    

  

         «Ховар»:Оё мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияти фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек, нигоҳдории оила мусоидат мекунад?

Сулҳия: Беҳтарин неъмате, ки модар ба дунё меоварад, ин фарзанди солеҳ аст. Ин ҷо сухан дар бораи офариниши фарзанд намеравад, балки атрофи тарбияи ӯст. Албатта, бар асари он нобасомониҳое, ки як замон қисмат ба сари халқи тоҷик таҳмил намуд, модари тоҷик дар банди азоб буду азият ҳам кашид ва фарзандон то андозае аз назорат ва тарбия дур монданд.

Хушбахтона, он рӯзҳои мудҳиш ҳам пас сар шуданд ва модари тоҷик имрӯз новобаста аз бӯҳрони молиявӣ, ки аминем он ҳам бартараф мегардад, ба тарбияти фарзандон  диққати махсус медиҳад, зеро, тарбияи фарзанд аз волидайн вобастагиҳои зиёде дорад. Танҳо фарзандони соҳибмаърифат метавонанд оянда парчамбардорони давлатамон гарданд.

Имрӯз давлат ва ҳукумати кишварамон  барои мо занону духтарон тамоми шароит, чӣ дар таълиму тадрис ва чӣ дар кору зиндагӣ муҳайё гардонидааст. Аз ин рӯ, мо бояд барои беҳдошти  ҳаёти худ ва пайвандонамон аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок ва дурандешона истифода барем. Саъй бар он дошта бошем, ки барои якпорчагӣ ва ободонию шукуфоии диёрамон саҳми босазои худро гузорем. Фарзандонамонро, ки ояндаи давлату миллати тамаддунофарамон мебошанд, дар руҳияи инсонпарварӣ, ватандӯстӣ хештаншиносӣ ва содиқ будан ба ин марзу бум тарбия намоем.

 

Бонувон ҳам дар мақомоти қудратӣ сарбаландона хизмат

                                 менамоянд

  

          «Ховар»:Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони Шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ? (Ба ибораи дигар зан-модар будан, мушкилтар шудааст ва ё баръакс?)

Сулҳия: Ҳар давру замон инсонро водор месозад, ки дар ҷодае мавқеъ дошта бошад. Агар зани тоҷик қабл аз асри ХХ орзӯи озод буданро дошту барои баробарии ҳуқуқҳои худаш бо мардон талош мекард, дар замони Шӯравӣ ормонҳои худро пиёда сохт. Минбаъд барои ӯ дарҳои илму маърифат боз шуданд. Дар радифи мардон  дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт фаъолият кард. Ба қавле ҳам сӯхту ҳам сохт.

Баъди муваффақ гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ,ки соли равон 25-умин солгарди онро таҷлил менамоем, зан –модари тоҷик  ба омӯхтани илмҳои муосир, эҳёи  анъанаи бою ғании ниёкон ва ташкили корхонаву муассисаҳо бештар рӯ овард, ки ин ҳама неъмати  бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар аст.

Имрӯз зан –модари тоҷик дар радифи мардон дар сохторҳои қудратӣ бо иродаи қавӣ ва сарбаландона фаъолият дошта, дар таъмини суботу амнияти кишвар, ободии сарзаминами офтобиамон хизмати арзанда менамоянд. Бахусус феълан дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 нафар занону модарон софдилона хизмат менамоянд.

Заҳмати модар дар ҳама давру замон осон набуд ва нест, вале модар будан барои ҳар зан шараф аст. Ёр агар аҳл бошад, кор саҳл мешавад гуфтаанд. Мушкиле нест, ки осон нагардад.

 

                     Тавлиди набера ҳадяи илоҳист бароям  

    

  «Ховар»:Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардед?

Сулҳия: Хушбахт аз онам, ки соҳиби оилаи ободу тифоқ ва ду фарзанди дилбанд ҳастам. Муваффақияти шавҳарам Рустам, писаронам Фаридуну Шарифҷон ва келинам бароям ҳамарӯза шодӣ мебахшад.

Тавлиди набераам Парисо бароям ҳадяи илоҳист ва хандаи беғаши тифлонаи ӯ бароям ид аст. Шукри Яздони поктро мекунам, ки сиҳату саломатам ва барои ободии диёрам саҳми кӯчаки худро мегузорам.

 

         Хонашин будани зан маънои бесаводиро надорад

   

    «Ховар»:Тафовут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқ миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?

Сулҳия: Ман сари таъзим фуруд меоварам назди он зан-модароне, ки хонашин ҳастанду барои фаъолияти пурсамари ҳамсаронашон шароити мусоид фароҳам меоваранд. Хонашин будани занҳо маънои онро надорад, ки онҳо бесаводанд. Ин қабил занҳо баҳри таълиму тарбияти фарзандонашон ҳиссагузоранд ва барои ободиву осоиши аҳли байт хизмати беназир мекунанд.

Дар баробари ин хуб мебуд, ки духтарон таҳсил мекарданду  соҳиби маълумот мешуданд. Зани босавод метавонад фарзанди босаводро тарбият намояд. Ва баъдан  ҳангоми зарурат худ ва фарзандонашро аз лиҳози иқтисодӣ таъмин карда тавонад.

Занҳои коргар бештар масъулият доранд, нисбат ба занҳои хонашин, зеро онҳо дар баробари фурӯзон нигоҳ доштани чароғи хонадон, боз вазифаи ба дӯш доштаи худро дар корхонаву ташкилот ва муассисаҳо бояд иҷро намоянд.

 

           Дар ҳама ҳолат зан бояд таҳаммулро пеша кунад  

      «Ховар»:Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо чӣ тавр таъмин мекунед?

Сулҳия: Зиндагӣ аз пастиву баландиҳо иборат аст. Чарх гардон аст, гоҳ касро ба арш мебарораду они дигар дучори навмедиҳо мегардонад. Ва дар ҳама ҳолат инсон, махсусан зан бояд сабур ва бо таҳаммул бошад.

Дар зиндагӣ ҳамеша сайъ менамоям, ки муҳити созгор барои аҳли оила муҳайё созам, то пайвандонам аз нороҳатии ман озурда нагарданд. Умри одам гузарон аст ва мо бояд онро бо хушнудӣ сипар намоем.

Барои  зан фаъолият дар  сохтори қудратӣ шараф аст

           

         «Ховар»:Барои зан кор дар мақомоти қудратӣ душвор нест?

 

   Сулҳия: «Дар мақомоти гумрук 18 сол аст, ки фаъолият дорам. Ва боре нашудааст, ки аз пешаи интихобкардаи худ пушаймон шуда бошам. Шукрона  менамоям, ки дар таъмини амнияти иқтисодии кишварамон  саҳми худро мегузорам.

Дар даврони мактабхонӣ орзу мекардам, ки аз паи пайроҳаи волидайнам қадам гузорам, вале қисмат маро корманди мақомоти қудратӣ гардонд. Ва имрӯз писарам Шарифҷон низ касби маро пешаи худ қарор додаву дар мақомоти гумрук фаъолият мекунад, ки боиси сарфарозиам гардида.

                   «Ховар»: Таманнои Сулҳия ба бонувони тоҷик.

Сулҳия:  Сулҳу субот, саломатӣ, сарбаландӣ ва осоиштагии ҳар як хонадони зан-модари тоҷикро орзу дорам. Баҳори умратон бехазон бод, модарони азиз!

Ташаккур барои суҳбати самиӣ!

    Мусоҳиб Марзия Саидзода, хабарнигори  «Ховар»

 

 

 

Март 7, 2016 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин