Фаъолияти ҶДММ ТҚХ «Меҳробод» қатъ гардид
Душанбе, 03.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ» ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамал «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилоти қарзии хурд оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ» бо Қарори навбатии раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 марти соли равон фаъолияти ҶДММ ТҚХ Меҳробод бо дархости он оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардонида шуд.
Дар робита ба қарори мазкур иҷозатномаи ин ташкилоти қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шудааст, бозхонд мешавад.
Илова бар ин, мақомоти ваколатдори ташкилоти номбурда уҳдадор карда шуд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳад. Комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор карда шуд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






