Фестивал-озмуни «Ҷилваи ҳусн» дар ДМИТ
Душанбе, 3.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фестивал- озмуни «Ҷилваи ҳусн» баргузор шуд.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зикр намуд, ки либос муаррифкунандаи миллат ва фарҳанги миллӣ буда, баргузории ин гуна чорабиниҳо барои баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшии аҳли ҷомеа ва муаррифии арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Дар фестивал-озмун донишҷӯдухтарони шаш факулта либосҳои кӯдакона, либоси ҳаррӯза, либоси маросимӣ, идона ва либоси расмиро бо истифода аз матоъҳои миллӣ дар мӯди муосир намоиш доданд. Ҳамчунин духтарони дастаи ҳунарӣ суруди «Гулдӯзӣ»-ро бо истеъдоди баланд иҷро карда, барои иштирок дар даври сеюми фестивал-озмун роҳхат гирифтанд. Аъзои ҳакамон ҳамчунин либосҳои беҳтаринро аз ҳамаи факултаҳои донишкада гулчин карда, барои дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат варзидан интихоб намуданд.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин озмунҳо барои тарғиби либоси миллӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ ва эҳёи анъанаҳои қадимӣ, пайдо кардани истеъдодҳои нав, муаррифии матоъҳои миллӣ ва ривоҷу равнақ бахшидан ба расму оинҳо роҳандозӣ шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






