Гулрухсор: «Он чи ман пешниҳод кардам, айни хостаю ормонҳои Президент буд»
Душанбе, 14.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз 19 марти соли равон дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба Наврӯз ва 20 март дар «Кохи Борбад»-и Душанбе ҳамоиши байналмилалии шоирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор хоҳад шуд, ки ба ин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ шоирон, олимону муҳаққиқони наздик ба 20 кишвари ҳавзаи Наврӯз даъват гардидаанд. Дар иртибот ба ин ҳамоиши бузурги фарҳангӣ ва ҷашни Наврӯз хабарнигори «Ховар» бо Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ- Гулрухсор суҳбат анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем:
«Ховар»: Бону Гулрухсор, қаблан Шуморо бо ҷашни ҷаҳонии Наврӯз табрик намуда, ба Шумо саломатӣ ва дар ин айёми фархундапайи баҳор ва Наврӯз сарбаландию сарсабзиро таманно менамоям!
Гулрухсор: Ташаккур, барои муборакбодии ин ҷашни ирфонӣ ва шеър.
«Ховар»: Бону Гулрухсор, соли гузашта дар мулоқоти анъанавии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни ҷумҳурӣ аз ҷониби Шумо пешниҳод гардида буд, ки ҳар сол дар арафаи ҷашни Наврӯз ҳамоиши шоирони кишварҳои қаламрави Наврӯз гузаронида шавад ва ин пешниҳоди Шумо аз ҷониби Пешвои миллат пазируфта шуд.
Имсол бори нахуст дар Душанбе ҳамоиши шеърӣ бо иштироки шоирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз гузаронида мешавад.
Бигӯед, ки чӣ Шуморо водор сохт, то чунин як пешниҳоди ба ҳам овардани шоирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистонро ироа созед ва ҳадафи баргузории ин ҳамоиши бузурги фарҳангӣ дар Душанбе чист?
Гулрухсор: Ин пешниҳод, пеш аз ҳама, орзую таманнои деринаи ман буд, ки солҳо хаёламро машғул медошт. Барои чӣ? Зеро вақте устод Рӯдакӣ мегӯяд:
Бихандад лола бар саҳро
Ба сони чеҳраи Лайло.
Бигиряд абр бар гардун,
Ба сони дидаи Маҷнун.
Ин орзу танҳо дар ватани шеър, ки он ҷо Одам-уш- шуаро, устод Абӯабдулло Рӯдакӣ макони ҷовидон дорад, метавонад ба амал пайвандад. Инсон ва табиат, ки зодаи Офаридгоранд ва ба Офаридгор наздиканд, хеле ба якдигар монанд ва зебоянд. Инро шоир ва шеъру сухан аз даврони бунёдгузори шеъри дарии тоҷикӣ- форсӣ, устод Рӯдакӣ, ки 1158 сол гузаштааст, ба мо оварда, муаррифӣ кард. Ман бар онам, ки ҷоҳу мақоме, ки шеър дар зиндагии мардуми ориёинажод ва хусусан тоҷикон дорад, дар ҳеҷ куҷои дунё нест.
Ҳакими Тӯс Фирдавсӣ гуфтааст:
Басо ранҷ бурдам дар ин сол сӣ
Аҷам зинда кардам, бад-ин порсӣ
Фирдавсӣ Аҷамро бо шеъри форсӣ зинда кард, мо бояд ки ин забон, ин шеър ва ин мақомро ҳамчун ворису меросдор ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Хушбахтам, ки дар зиндагӣ ҳар орзуе кардам, ба он расидам. Пешниҳод дар мавриди баргузор намудани базми шеъри ҷаҳон — ҳамоиши шоирони ҳавзаи кишварҳои Наврӯз дар Тоҷикистон, ки воқеан ватани Наврӯз аст, орзуи деринаи ман буд. Ба ҳукумат, ба давлат ва ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ташаккур мегӯям, ки ин дархости созандаро пазируфтанду баргузории ин анҷумани бузурги фарҳангиро ба роҳ мондаанд. Пешниҳоди ман аз ҷониби Президенти кишвар сари вақт ва дар мавқеи худ ҷонибдорӣ ёфт.
Мо тоҷикон ганҷҳои нуҳуфтае дорем, ки ҳазорсолаҳо боз инсонҳо орзуяшро доранд. Ганҷи бузурги мо инсон, фарҳанг ва шеъру маърифат аст, ки чун кӯҳҳои мо ҳанӯз шинохта нашудаанд.
Имсол, ки дар ин ҳамоиши ҷаҳонии шеъри Наврӯз намояндагони 20 давлат иштирок менамоянд, соли оянда сафи онҳо хеле бештар хоҳад шуд, шояд сад давлат ширкат варзад. Дар шароити буҳронӣ баргузор намудани чунин як чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ кори осон нест. Мо мардуми фарҳангдӯст ва меҳмоннавоз ҳастем ва бо як дег хӯрок метавонем як маҳалларо зиёфат диҳем. Бидуни шак, баргузор намудани ҳамоиши шеъри кишварҳои ҳавзаи Наврӯз Тоҷикистонро ба базмгоҳи шеъри ҷаҳонӣ табдил хоҳад дод. Шоирон аз саросари кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба кишвари мо ташриф меоранд. Ҷаҳон бо шоирон ба ватани Наврӯз, ба ватани шеър, ба ватани падари шеъри тоҷикӣ-форсӣ- Рӯдакӣ, ки дар Панҷрӯд хуфтааст, меояд. Наврӯз ҷашни ҷаҳонист ва сайёра бояд ба Ватани шеър рӯй орад. Олмон — ватани файласуфон, Италия — ватани операхонҳо бошад, пас чаро мардум ба ватани шеър рӯй наоранд? Дар Амрикои Лотинӣ ҳар сол ҷашни миллии Карнавал баргузор мегардад, мардум тамоми сол ба ифтихор ва бо ишқи Карнавал зиндагӣ мекунад. Дар дигар кишварҳо фестивал баргузор мегардад. Мо вориси зеботарин анҷуман- анҷумани шеъри ҷаҳон ҳастем, анҷумане, ки онро на касе ба мо додааст ва на касе аз мо гирифта метавонад. Мо ҳаққи худро ҳифз кардем ва сазовори ин анҷуман ҳастем. Мо омода ҳастем, ки мардуми сайёраро ба гирди хони Наврӯзи шеър даъват намоем, чунки Наврӯзро шеъри бузурги тоҷикӣ-форсӣ — дарӣ ба дараҷаи волои камолоти маърифат роҳнамоӣ кардааст. Наврӯз низ шеъри моро ба камоли маърифати хираду шуур боло бурдааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҷавонмардӣ кард ва ҳамчун фарзанди модари тоҷик, ки каломи нахустинро аз аллаи модар шунидааст, ҳамоно дарк кард, ки он чи ӯ мехост, як шоир гуфт.
Таҷлил ва гиромидошти 1150-солагии Одамушшуарро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000 –солагии асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома», 1000-солагии Носири Хусрав, соли 2009 –ро эълон намудани Соли Имоми Аъзам Абӯҳанифа, таҷлили 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014, 950 -солагии Муҳаммад Ғаззолӣ, 700 –солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва боз чандин нобиғаҳои олами шеъру ирфони тоҷик ва дигар санаҳои таърихии манотиқи мухталифи кишвар аз хостаю ормонҳои миллӣ ва маърифатпарвару фарҳангдӯстии Президенти кишвар шаҳодат медиҳанд.
Агар ба деҳа равед, мӯйсафед ё пиразани нуроние мегӯяд, ки «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад». Дар як мисраъ шеъри Ҳофиз тамоми фарҳанг ва қонуни ахлоқи ҷаҳон ифода ёфтааст. Гӯянда- пиразан ё пирамард намедонад, ки ин мисраъ аз Ҳофизи бузург аст, лекин дар хунаш, дар ҷонаш ҳамин ишқ, ҳамин амн ва ҳамин дӯстӣ ҳаст, зеро тоҷик ба ягон миллати дигар зулм накардааст, танҳо дӯстиву накӯӣ овардааст.
«Ховар»: Шеър аз нигоҳи Гулрухсор чист?
Гулрухсор: Шеър хиради волотарини инсоният аст. Шеър дониши бисёр болост. Шеър ин сарнавишт аст. Шеър ба ибораи як доно гуфтугӯи инсонҳо бо Худост. Вақте сухан аз шеъри мо меравад, устод Рӯдакӣ, падари шеъри бузурги Ориёно пеши назар ҷилвагар мегардад. Шеъри мо, тоҷикон мисли кӯҳҳои Тоҷикистон побарҷост. Ин аст, ки шеъри моро касе гирифта наметавонад ё худ Маснавӣ навишта наметавонанд, зеро маънавияти инсон дар «Маснавӣ»-и Мавлавист. Маснавӣ китоби илм аст, шояд дар сохтани ҳамон ракетаҳое, ки осмонро сӯрох карда, ба омӯзиши ситораҳо мераванд, аз илми Мавлонои мо низ истифода карда бошанд. Дар Амрико китобҳои Мавлоно пурфурӯштарин китобҳо гардиданд. Ҳофизро низ хиради олӣ, эҳсоси инсонӣ ва дарки зиндагии фонӣ Ҳофиз кард ва то замони мо ғазалҳояш расидаю вирди забон гаштаанд.
Аммо ман ба хулосае омадаам, ки шеър- ин хирад ва маърифат, ки аз шуури воло сар мезанад, хоси ҳар инсон ва ҳар миллат нест. Барои чӣ мо, тоҷикон шеърро дӯст медорем? Баъзеҳо соддагӣ карда мегӯянд, ки ба ҷои шеър мо бояд киштии кайҳонӣ месохтем. Созед киштии кайҳониро, аммо дар ҳамон киштии кайҳонӣ бояд хираду шууре бошад, ки касро ба қуллаи мақсуд, ба як мақоме расонад. Ҳамон киштии кайҳонӣ дар ҳеҷ куҷо набуд, вале мо моҳро васфу тафсир менамудем ва аз чор тарафи моҳ давр мезадем ва дар болои моҳ сайр мекардем ва базм меоростем. Вақте ки ман донишҷӯ будам, дар қарни 20, ба хоҳарам, ки гаҳвора меҷунбонд, мегуфтам: «моҳро пои пиёда сайр карда омаданд, ту ҳанӯз дар гирди гаҳвораи худ алла мегӯӣ?». Баъд фаҳмидам, ки моҳро сайр кардан осонтар аст, аз он ки лолоии модарро дар сари гаҳвора нигоҳ доштан.
Баъзе миллатҳо аз як водӣ ба водии дигар бо худ тарҷумон мебаранд, зеро забонашон хеле иваз шудааст. Мо тарҷумон намебарем. Ин шеър аст, шеъре, ки ба забони ноби модарии мову шумо гуфта шуда, мисли оби рӯдхонаву дарёҳои мо ҷон бахшидаву ба сангҳо бархӯрда, пухта шудааст, ин шеър танҳо забони ману шумост дар сайёра, ки як вожаи он 365 маъно дорад, баробар ба рӯзҳои як сол. Шеър илм аст, шуур аст, маърифат аст, бунёду бузургии миллати ориёист. Бузургии миллат аст, ки шеър бо ҳама кушторҳо, бо ҳама қаттолиҳо, бо ҳама тика-тика карданҳои аду ин миллат боз ҳам дар зиндагӣ шеърро раҳнамо дорад. Мисли ҳамон хонаҳои кӯҳистоние, ки рӯи сангҳо сохта шудаанд, онҳоро на раъду барқ, на заминларзаву сел аз байн бурда наметавонад. Шеър, шеъри мо маърифати шуури инсонии танҳо тоҷикҳо, форсҳою ориёиҳо нест, ин маърифати шуур наметавонад аз як қитъа ё қабила ё як миллат бошад, ин шуури инсоният аст.
Мо дар Тоҷикистон чизҳоеро, ки бояд нишон диҳем ва аз он ифтихор кунем, бисёр дорем. Ин як пора сарзаминро, ки Офаридгор барои мову шумо ато кардааст, бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, зеро Офаридгор тамоми Тоҷикистонро барои зебоиву ҳусну латофати зиндагии инсон сохтааст. Ба ҳамин хотир ман мегӯям, ки шеъри мо, ки бунёдгузори шуури ҷаҳонӣ аст, ин шеър бояд ба воситаи шуури башар ба тамоми сайёра бирасад. Шумо дар ягон ҷойи дунё дидаед, ки дил аз инсон боло истода бошад. Баъд офариниш, пажӯҳиш ва омӯзиши башар нишон дод, ки ҷигар, дил ва дигар узвҳои бадани инсон як воситаеанд, ки тавассути мағзи сари инсон идора мешаванд, ки он ҳанӯз омӯхта нашудааст.
Мо тоҷикон миллате ҳастем, ки то имрӯз ба фарҳанг, шеър ва офариниши ҳикмати инсонӣ ва сухан сари таъзим фуруд меорем ва ҳар хонаи тоҷик пур аз шеър асту фарзандон бо номи шоирона зиндагӣ мекунанд.
«Ховар»: Чун дар остонаи баҳори сабзоин ва Наврӯзи ҳуҷастапай қарор дорем, мехоҳам бифаҳмам, ки фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз дар ашъори Шумо чӣ ҷойгоҳе доранд?
Гулрухсор: Ҷойгоҳи баҳор ва Наврӯз дар ашъори ман хеле баланд аст. Ман дар васфи баҳор ва Наврӯз зиёд шеър гуфтаам. Гимни Наврӯзи ҷаҳониро низ навиштам. Дар арафаи ҷашни Наврӯз ҳунарманди мумтози тоҷик Саидқул Билолов барои ин таронаи Наврӯзи ҷаҳонӣ беҳтарин оҳанг эҷод кард ва ин гимн ҳадяест ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ.
«Ховар»: Баҳор ва Наврӯз аз дидгоҳи Гулрухсор чӣ гуна фасл ва ҷашн аст?
Гулрухсор: Ман баҳор ва Наврӯзро кӯдаквор интизор мешавам, зеро дар айёми кӯдакӣ модарамро аз даст додаам, модари ҷавону нозанинам сари фарзанд рафт. Ба пешвози ҷашни Наврӯз мардум ба берун мебаромаданд, деворҳоро сафед мекарданд, хонаҳоро тозаву ороста мегардонданд. Ман хаёл мекунам, ки рӯзи Наврӯз назди модарам хоҳам рафт ва модарамро пайдо мекунам.
Наврӯз воқеан ҷашни ҷаҳонист. Пайдоиши Наврӯз аз аҳди шоҳ Ҷамшед сарчашма гирифтааст. 21 март дар саросари олам пештар ҳамчун баробар шудани шабу рӯз ҷашн гирифта мешуд. Наврӯз ба хотири он зинда мондааст, ки илм аст, маърифат аст, фарҳанг аст. Наврӯз ба он хотир зинда мондааст, ки ба инсонҳо умед мебахшад.
Дар Бадахшон рӯзи Наврӯз ба ҳамдигар мегӯянд: «шогун муборак», яъне шогун иди «шоҳона» ва мегӯянд, ки «шогун ба рӯи ту муборак!». Ба сарат, ба китфат «шогун муборак!» намегӯянд, ба рӯят мегӯянд, зеро чашм, абрӯ ва рухсору лаб бадбахтию хушбахтии инсонро нишон медиҳанд. Дар худи номи Наврӯз чӣ қадар шеър аст, чӣ қадар маърифату сухан аст. Наврӯз рӯзи рӯшноӣ, ғалабаи Ҳурмуз ба Аҳриман, пирӯзии нур бар зулмот аст. Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик аз зулмот ба сӯйи нур роҳ дорад. Мо, тоҷикон «Наврӯзгоҳ» дорем, соҳиби Кохи муҳташами Наврӯз ҳастем. Сарфарозам, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи бостон сарзамини Тоҷикистон, ки воқеан ватани шеъру Наврӯз, зодбуми падари шеъри тоҷикӣ- форсӣ- дарист, мизбони ҳамоиши шоирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мегардад
«Ховар»: Оё бо шоирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҳамкорӣ доред?
Гулрухсор: Оре, бисёр мехостам, ки олим ва шоири шинохтаи Эрон Муҳаммадризои Шафеии Кадканӣ ва нависандаи маъруф Маҳмуди Давлатободӣ, ки аз дӯстони хуби ман ҳастанд, ба Тоҷикистон оянд ва дар сари дастархони наврӯзии мо меҳмон бошанд. Инчунин бо устодони зиндаёд Симини Беҳбаҳонӣ, Маҳдӣ Ахавони Солис, устод Аҳмади Шомлу, ки рӯзҳои охири зиндагӣ барои дидани ман ба хонаи Маҳмуди Давлатободӣ ба Караҷ омад, Фаридуни Муширӣ, ки туҳфаашро баъди маргаш ба ман расониданд, иртибот доштам.
Мутаассифона, устодони бузург, шоирони шинохтаи рус, ба мисли Андрей Вознесенский, Рима Козакова, Белла Ахмадулина, Владимир Соколов, Татяна Бег ва дигарон (ёдашон ба хайр), Тоҷикистонро тавассути шеър дӯст медоштанд ва ҷояшон дар ин базми шеър холист.
«Ховар»: Шогирд ба камол расонидаед?
Гулрухсор: Мо ҳама шогирдони Устод Рӯдакӣ ва дигар бузургони шеърем .
«Ховар»: Дар зарфи солҳои охир дар кадом кишварҳои ҷаҳон бо сафари эҷодӣ будед?
Гулрухсор: Дар конфронсу ҳамоишҳо, базми шеър ва дигар чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ, хосса дар Русия ва Эрон ширкат карда, шеъри тоҷикиро муаррифӣ кардам. Дар чанд кишвар, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ маҳфилҳои шеър баргузор намудам. Баҳори имсол умедворам, ки дар яке аз давлатҳои Аврупо дар ба роҳ мондани ҷамъияти Рӯдакӣ ширкат хоҳам кард.
«Ховар»: Андешаи Шумо доир ба нақши Тоҷикистон ва хосса Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии Наврӯз ва тарғиби фарҳанги ориёӣ?
Гулрухсор: Нақши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии Наврӯз ва тарғиби фарҳанги ориёӣ хеле назаррас аст. Маҳз бо саъю талошҳои Президент ба фарҳанги ориёӣ таваҷҷуҳи назаррас зоҳир карда шуд. Наврӯзро, ки воқеан ҷашни ҷаҳонӣ ва инсонию ирфонии мост ва буд, эҳё намудем. Бо Қарори Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ шуд,шукри ҳақ, ки ҳақ ба ҳакдор расид. Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шудани пешниҳоди ман дар мавриди баргузор намудани ҳамоиши наврӯзии шеъри шоирони ҷаҳон боиси хушҳолӣ ва таҳсин аст. Президенти мамлакат иқдомеро ҷонибдорӣ намуд, ки воқеан барои ояндаи миллати тоҷик ва Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавии фарҳангҳо хеле саривақтӣ ва судманд аст. Онҳое, ки мехоҳанд миллат пеш равад, кишвар обод шавад, бояд ба давлат ва ҳукумат барномаҳои созанда пешниҳод намоянд, чунки як одам як хонаводаи худашро наметавонад сарпарастӣ намояд.
«Ховар»: Ҳадаф ва рисолати Фарҳангистони шеъри ҷаҳон дар чист?
Гулрухсор: Мақсади Фарҳангистони шеъри ҷаҳон, ки 17 сол муқаддам бо ибтикори камина ташкил гардид, ташвиқ ва муаррифӣ кардани шеъри тоҷикӣ -форсӣ, ошноӣ ва ба ҳам овардани шоирони ҷаҳон аст. Баргузории нахустин ҳамоиши шоирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Душанбе натиҷаи хурсандибахши фаъолияти Фарҳангистони шеъри ҷаҳон аст.
Ҳамзамон самти дигари фаъолияти Фарҳангистони шеъри ҷаҳон ба нашри китобҳо, ташкили симпозиум ва базмҳои шеър нигаронида шудааст. Аз ҷумла, ба ифтихори ҷашни 80- солагии Душанбе анҷумани шоирони ҷаҳонро баргузор намуда будем. Инчунин китобҳои беҳтарини шеъри ҷаҳонро тарҷума кардем. Ба мисли китоби шоири бузурги Эрон шодравон Қайсари Амирпур ва китоби шеъри Фотимаи Роқеъӣ «Шикори лаҳзаҳо».
«Ховар»: Бо овозхонҳо ҳамкорӣ доред?
Гулрухсор: Аслан шеърҳои маро худи оҳангсозон ва овозхонҳо ба оҳанг дароварда месароянд, ҳатто шеърҳои сафеди маро ҳам оҳанг баста сурудаанд. Хусусан суруде, ки ба васфи баҳор навиштаам, аз ҷониби овозхони дастаи «Анис» Зулфиқори Азиз (ёдаш ба хайр) хеле хуб иҷро гардидааст:
Баҳор асту ба тоқи хонаи ман,
Даруни кӯзаҳо гулҳо шукуфта.
Аз ин рангу барангиҳои Наврӯз,
Даруни синаҳо дилҳо шукуфта.
Овозхонҳое, ки шеърҳои маро оҳанг баста сурудаанд, ба мисли Саидқул Билолов «Эй умеду орзуи зиндагӣ», шеъри «Бимон ман мираму ту дар амон бошӣ», ки аз ҷониби овозхони зиндаёд Дӯстмурод Алиев суруда шудаю суруди дӯстдоштаи мардум аст, ҳунарманди шинохта Сабоҳат Наҷмиддинова суруди «Ба ёди ту чӣ шабҳое саҳар кардам», ё худ суруди «Ҳадяи Яздон биҳишти мо Ватан» дар иҷрои Зикриоллоҳ, фикр мекунам, ки ин сарояндагон ҳам ба худ ва ҳам ба ин ашъор маъруфият афзудаанд.
Вақте ин суханҳоро мегӯям, фаъолияти собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон шодравон Меҳрубон Назаров ба ёдам меояд, ки чӣ гуна шахсияти воқеан фарҳангӣ, марди маърифатпарвару дӯстдори ҳунармандону миллат буд. То ҳол аз ӯ дар Афғонистон, ки дар ташкили театр саҳм гузоштааст, ҳамчун Устод ёд менамоянд. Он нафароне, ки дар идораҳои масъули давлатӣ нишастаанд, бояд масъулиятшинос бошанду ба миллат ва Ватан содиқ бимонанд.
«Ховар»: Дар остонаи ҷашни Наврӯз китоби наве нашр мегардад?
Гулрухсор: Китоби ғазалҳоям таҳти унвони «Офтоб дар соя» дар нашриёти «Адиб» мунташир мешавад, ки барги сабзест дар ҷашни Наврӯз ба дӯстдорони шеър.
Ташаккур барои суҳбати самимӣ
Мусоҳиб Марзия Саидзода, хабарнигори «Ховар» .