Хатлониҳо дар татбиқи сиёсати ҳукумат пешсафанд
Душанбе, 10.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни як назарсанҷӣ ва мушоҳидаҳо дар бахшҳои маҳаллии худ, инчунин тибқи натиҷаи ҳисобот дар соли 2015 ва фаъолияти думоҳа дар соли 2016 ҷавонони Хатлонро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ муваффақтар меҳисобад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар доираи чорабиниҳои кумита масъулини соҳа бо роҳбарии муовини раиси кумита Р. Назарзода аз 25 феврал то 2 марти соли 2016 бо мақсади огаҳ шудан аз фаъолияти бахшҳои маҳалӣ, фаҳмондадиҳии мафҳуми Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвар як силсила вохӯриҳоро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор намуд.
Баррасии масъалаҳои иттилоотӣ ва омори соҳа, сифати корҳои таблиғотӣ аз масъалаҳои асосии шиносоӣ ва вохӯриҳо ба ҳисоб мерафт.
Кумита солҳои охир барои рушди соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, барпо намудани заминаи моддӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ аҳамияти хосса медиҳад.
Имрӯз ҷавонони кишвар дорои неруи бузурги созанда ҳастанд ва саҳми онҳо дар роҳи ояндасозию бунёдкорӣ ва ҳиссагузорӣ дар умури давлатию ҳукуматдорӣ бориз дониста мешавад.
Аз сӯи дигар, ҷавонони бонангу номуси кишвар дар зарурати бартараф кардани рушди ифротгароӣ саҳмгузор буда, ба муқобили радикализм, тундгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир, ки барои ҷомеаи мо бегона мебошанд, мубориза бурда, барои пешгирии онҳо тадбирҳои мушахасси тарбиявӣ меандешанд.
Аз ин рӯ, ҷавонон созандагони ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб шуда, пайваста мавриди таваҷҷуҳ ва ҷонибдории роҳбарияти кишвар қарор доранд.
Ҳисси худшиносии ҷавонон, пеш аз ҳама, дар якдилӣ ва бетараф набудан нисбат ба хоку оби Ватан, адо кардани қарзи имониву шаҳрвандии хизмати ҳарбӣ дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои кишвар дар мавсими даъвати баҳориву тирамоҳии соли 2016, нишонаи олии арҷ гузоштан ба муқаддасоти олии кишвар, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ инъикос меёбад.








Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






