Худоёрзода бо Ифтихорномаи ММ МО сарфароз гардонида шуд
Душанбе, 04.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Дар иҷлосияи панҷуми палатаи болоии Парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдулоев, раиси Маҷлиси миллӣ ба Бахтиёр Худоёрзода -раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният дар маросими ботантана Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид. Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Бахтиёр Худоёрзода барои саҳми арзандааш дар рушди парламентаризми тоҷик арзи сипос баён намуда, ӯро ҳамчун шахси масъулиятшинос ва поквиҷдон унвон кард.
Ҳамин тариқ, тибқи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода пеш аз муҳлат қатъ гардида, аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бозхонд гардид.
Бояд зикр кард, ки қаблан Бахтиёр Худоёрзода дар вазифаи роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар фаъолият дошт ва бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ва 3 феврал вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бахтиёр Худоёрзодаро тасдиқ карданд.
Интихоб намудани Бахтиёр Худоёрзода ба ҳайси раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар дар ҳолест, ки 22 майи соли равон дар Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ — раъйпурсии умумихалқӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






