Худоёрзода бо Ифтихорномаи ММ МО сарфароз гардонида шуд

Март 4, 2016 08:39

Душанбе, 04.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Дар иҷлосияи панҷуми палатаи болоии Парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдулоев, раиси Маҷлиси миллӣ  ба Бахтиёр Худоёрзода -раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният дар маросими ботантана Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.  Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Бахтиёр Худоёрзода барои саҳми  арзандааш дар рушди  парламентаризми тоҷик арзи сипос баён намуда, ӯро  ҳамчун шахси масъулиятшинос ва поквиҷдон унвон кард.

Ҳамин тариқ, тибқи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода пеш аз муҳлат қатъ  гардида, аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бозхонд гардид.

Бояд зикр кард, ки қаблан Бахтиёр Худоёрзода дар вазифаи роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар фаъолият дошт ва бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ва 3 феврал  вакилони палатаи  поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бахтиёр Худоёрзодаро  тасдиқ карданд.

Интихоб намудани Бахтиёр Худоёрзода ба ҳайси раиси Комиссияи марказии интихобот  ва раъйпурсии  кишвар дар ҳолест, ки 22 майи соли равон дар Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ — раъйпурсии умумихалқӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

 

Март 4, 2016 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад