Ифтитоҳи бинои истиқоматии 5-ошёна дар ноҳияи Рӯдакӣ

Март 15, 2016 09:37

Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Баъди гузоштани санги асос барои бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маркази шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як бинои истиқоматии 5 — ошёнаро ифтитоҳ намуд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ дар ошёнаи аввал Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зист дар хонаҳо шинос шуда, ба якчанд оилаи хуштолеъ калиди хонаҳои замонавиро тақдим намуд.

Бинои истиқоматии 5-ошёна дорои 40 хона, аз ҷумла 19 якҳуҷрагӣ ва 21 дуҳуҷрагӣ иборат мебошад. Он бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкор Руқия Ҳамдамова сохта шудааст. Лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷмаҳал — 2010 буда, бо назардошти талаботи муосири коммуналӣ бо тамоми инфрасохтор бунёд шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи дастгирии соҳибкории хурду миёна аз ҷониби Ҳукумати кишвар соҳибкорони ватандӯст дар баробари ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин дар самти бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо нархҳои дастрас саҳми муносиб мегузоранд.

Бинои нав дар маркази шаҳрак низ аз ҷумлаи чунин иншоот мебошад, ки аз тарафи соҳибкорон дар робита ба дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат сохта шудааст.

Тибқи дастуру супоришҳои мушаххаси Сарвари давлат дар асоси лоиҳа дар ин мавзеъ ҳамзамон майдонча барои бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд мегардад.

Март 15, 2016 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд