Ифтитоҳи Кохи фарҳанг дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳияи Ашт

Март 25, 2016 11:30

Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хос ва бо нишони пуштибонӣ аз сиёсати созандаи ҳукумати кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни шиносоӣ аз иншооти нави фарҳангӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони Кохи фарҳанги ноҳия моҳи марти соли 2014 аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилоят оғоз гардида, маблағи умумии сохтмони бино ба 12 миллион сомонӣ баробар мебошад.

Кохи фарҳанг 2 — ошёна буда, аз толори асосӣ бо 800 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои хурди машқӣ, толори маҷлис ва таҳхона иборат мебошад. Бино бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ороиш дода шуда, намои асосии он аз 18 сутун ва дарҳои кандакорӣ иборат аст. Пештоқи болои бино бо мусаввараҳои гуногун ва шифту деворҳои толори асосӣ бо истифода аз гаҷкорию кандакорӣ хеле зебою назаррабо сохта шудааст.

Дар саҳни ҳавлии Кохи фарҳанг ду фаввора бо чароғҳои ранга ҷойгир карда шуда, гирду атрофи майдон ва ҳудуди боғи фарҳангии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо дарахтон, гулу гулбуттаҳо ва таҷҳизоти муосири равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити Кохи фарҳанги ноҳия, ки акнун макони баргузории чорабиниҳои гуногун мегардад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорон ва устоҳои гулкор барои бунёди чунин бинои наву замонавӣ изҳори сипос кард.

Дар саҳни ҳавлии Кохи фарҳанг Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли фарҳанг ва дигар сокинони ноҳия, ки барои истиқболи Пешвои миллат ва суҳбат бо Сарвари хеш ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ орост.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷамоатчигии ноҳия барои истиқболи гарм ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипос кард ва бунёду ба истифодадиҳии иншооти таъиноти гуногун, муҳайё кардани шароити мусоиди кору зиндагӣ ва истироҳатро қадршиносии Ҳукумати кишвар аз мардуми бофарҳанг ва меҳнатқарини ноҳия маънидод намуд.

Зимни суханрониҳои худ сокинони ноҳия ба Пешвои ғамхори хеш Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳову ташаббусҳои созанда сипосгузорӣ карданд.

Март 25, 2016 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон