Ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Ашт бо иштироки Пешвои миллат

Март 25, 2016 09:52

Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд дар деҳаи Хиштхона, ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ба номи Камоли Хуҷандиро ҳамчун армуғони наврӯзӣ расман ифтитоҳ бахшид.

Сокинон, устодону хонандагон ва намояндагони аҳли ҷомеа, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо меҳру муҳаббат ва самимияти афзун истиқбол гирифтанд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки арзиши умумии корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ба номи Камоли Хуҷандӣ наздики 6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бинои асосии мактаб аз 3 ошёна, 18 синфхона, се ҳуҷраи корӣ ва китобхона иборат аст. Дар бинои асосӣ, ки бо лавозимоту таҷҳизоти муосири мактабӣ муҷаҳҳаз аст, барои таҳсили 540 хонанда шароити арзанда фароҳам омадааст. Дар мактаб ошхона бо 60 ҷойи нишаст ва синфхонаҳои таълимию омӯзишии анъанаҳои рӯзгордорӣ, аз ҷумла пухтани нону таомҳои миллӣ бунёд ёфтааст. Дар паҳлуи бинои асосӣ толори варзишӣ бо масоҳати меъёрӣ бо беш аз 220 ҷойи нишаст сохта, бо ашёи замонавӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, ки аз имкониятҳои хуб барои рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2014 аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти «Суғдшаҳрофар» бо фармоиши идораи сохтмони асосии вилояти Сугд оғоз ёфта, аз ҷониби ширкати сохтмонии «Парвина»-и ноҳияи Ашт дар муҳлати пешбинишуда сохта шудааст.

Сохта ба истифода додани биною иншооти мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ба номи Камоли Хуҷандӣ дар деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт боиси хушнудии сокинон гардид.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дастаи ҳаваскорони мактаб 1 пианино, асбобҳои дигари мусиқӣ, 3 мошинаи дарздӯзӣ, ду тахтаи электронии синфӣ ва барои таъсиси боз як синфхонаи компютерӣ компютерҳои муосир тақдим намуд.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар саҳни ҳавлии мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия, омӯзгорону хонандагон мулоқот доир кард.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат ин бинои замонавиро туҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни наврӯзи фархунда номида, таъкид дошт, ки бунёди чунин бинои замонавӣ идомаи босуръати сохтмону навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии иншооти соҳаи маориф барои дар шароити муосиру арзанда таҳсил намудани насли ояндасози Ватан ва кору фаъолияти босамари кормандони соҳа мебошад.

Намояндагони аҳли деҳаи Хиштхона, собиқадорони соҳа, муаллимону хонандагон ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама барои дар кишвар барқарору поянда намудани сулҳу ваҳдат, ки асоси чунин пешрафту ҳаёти орому осоишта аст, барои ин туҳфаи гаронарзиш барои таълиму тарбияи фарзандон арзи сипоси бепоён намуданд.

Март 25, 2016 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд