Ифтитоҳи Маркази таълимии КДАМ дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Президенти кишвар
Душанбе, 26.03.2016. (АМИТ «Ховар»). —Иншооти «Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бунёд гардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти ин иншооти меъёрию оинномавии ин Воҳиди таъиноти махсуси зиддитерористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароитҳои меъёрии хизматии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мудофиа ва амнияти миллӣ ба ҳайати аз лиҳозу маҳорату малакаи касбии обутобёфта табдил ёфт.
Иншооти тозабунёди Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардани сарбозон (афсарон) ба воҳиди таъиноти махсуси зиддитерористии «Алфа» дар масоҳати 1,5 гектар бо зиёда аз 10 иншооти таъиноти оинномавӣ бунёд ёфтааст.
Дар бинои маъмурию таълимии дуошёна таҳхона, синфхонаҳои таълимӣ, 2 толори машқҳои ҳарбӣ – варзишӣ ва маҷлисгоҳ ҷой гирифтааст.
Ду майдончаи машқҳои амалиёти ҷангӣ барои таҳкиму татбиқи донишҳои назариявӣ, обу тоби ҷисмонӣ, омӯзиши роҳу усулҳои ҷангӣ пешбинӣ гардидааст.
Маркази таълимӣ дорои бинои хобгоҳ барои 200 нафар афсарон ва ошхона бо 100 ҷойи нишаст буда, хамом барои 20 нафар дар як баст ва дигар шароитҳо барои буду бошу истироҳати афсарону сарбозон шароитҳои хуби замонавист.
Марказ дорои инфрасохтори мустақил чун буғхона, хати барқу зеристгоҳи барқӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ таъкид дошт, ки ин иншооти меъёрии оинномавӣ имконият медиҳад, ки дар Воҳиди таъиноти махсуси зиддитерористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозону афсарони аз ҳар ҷиҳат обутобёфта тайёр карда шавад.
Воҳиди таъиноти махсуси зиддитерористии «Алфа» дар давраю лаҳзаҳои муҳими ҳифзи соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзии кишвар баҳри пешгирӣ аз ҳадафҳои нопоки душман ва безарару несту нобуд кардани гуруҳҳои ҷиноятпешаи терористӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор нақши муҳим дошта, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузоштааст.
Ҳайати Воҳиди таъиноти махсуси зиддитерористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он ҷавонони далеру ҷасур, чусту чолок ва руҳану ҷисман солим шомиланд, бо тақвияти донишу малака ва маҳорати касбӣ бо садоқату масъулият баҳри ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, амнияти миллӣ ва сипари боэътимоди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.








Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 иншоотро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро ба истифода доданд






