Ҳилоли Аҳмар ба дарёфт ва мусоидат ба пешгирии бемории сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард
Душанбе, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло 9 март бо Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Қурбониён Баҳодур Бобоҷон мулоқот анҷом дод.
Мақсад аз баргузории мулоқот ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин созмон масъалаҳои вобаста ба дарёфт ва мусоидат ба пешгирии бемории сил ва дигар бемориҳои сирояткунанда дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
Зимни мулоқот тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои татбиқи созишномаи мазкур бобати пешгирии касалиҳои сирояткунанда нақшаи корӣ таҳия намоянд, ки ин барои бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Вохўрӣ дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкории минбаъда баён намуданд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад






