Кӯлоб: Омўзиши муштарак барои пизишкони кумакҳои фаврӣ дар ҳолати ҷароҳатҳои васеъ
Душанбе, 28.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон давраи омўзишии муштаракро барои пизишкони кумакҳои фаврӣ дар ҳолати ҷароҳати васеъ аз 30 март то 1 апрел дар шаҳри Кӯлоб мегузаронад.
Ба омӯзиш 20 пизишки бахши фаврият аз вазоратҳо ва шуъбаҳо ҷалб мешаванд. Бино ба гуфтаи намояндаи бахши беҳдошт ва дармони КБСС Николоз Садрадзе, омўзиш дар асоси усулҳои эътирофшудаи байналмилалӣ оид ба ташхис ва табобати фаврии одамон дар натиҷаи захмҳои вазнин дар давраи низомӣ ва шаҳрвандӣ гузаронида мешавад.
Омӯзандагони сатҳи ҷаҳонӣ аз КБСС, ки оид ба кумакҳои аввалия тахассус доранд, дар бораи меъёр, равишҳои ташхис ва дармон барои беморон машғулият доир мекунанд. Ҳадаф аз ин омӯзиш коҳиши марг бар асари як осеби умда аст. То имрӯз 94 табиби ҷумҳурӣ қобилияти худро оид ба кумакҳои фаврӣ дар ҳолати ҷароҳатҳои васеъ ба воситаи омўзишҳо аз ҷониби КБСС такмил додаанд.
Бояд гуфт, ки омӯзиш бо мусоидати созмони фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имконпазир гардид.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






