Каратечиёни тоҷик дар меҳмонии Сафорати Тоҷикистон дар Олмон
Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ Ховар). -Ҳафтаи равон дастаи варзишгарони Федератсияи карате киёкушинкайи Тоҷикистон барои иштирок дар чемпионати кушоди Аврупо оид ба карате-киёкушинкай дар шаҳри Берлини Олмон қарор доштанд. Дар ин чемпионат ҳайати ҳафтнафараи варзишгарони тоҷик таҳти роҳбарии раиси федератсияи мазкур мураббии шинохта Ҳикматулло Кароматов ширкат варзиданд. Дар чемпионати кушоди Аврупо сенздаҳ кишвар ва дусаду ҳафтод варзишгар иштирок доштанд. Варзишгарони тоҷик дар ин сабқат хуб ҳунарнамоӣ карда, сазовори як медали нуқра ва чор медали биринҷӣ гардида, боиси боло шудани парчами кишварамон дар ин давлати аврупоӣ гардиданд. Ҳайати варзишгарони кишварро дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Олмон сафир Маликшо Неъматов пазироӣ намуда, ғолибонро бо натиҷаҳои ба дастовардаашон табрик кард. Сафир ҳангоми суҳбат бо варзишгарон иброз дошт, ки ҳар як натиҷаи варзишӣ ва боло шудани парчами миллӣ дар кишварҳои гуногун боиси ифтихор ва муаррифии давлати соҳибистиқлоламон мегардад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






