Каратечиёни тоҷик дар меҳмонии Сафорати Тоҷикистон дар Олмон

Март 25, 2016 15:12

Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ Ховар). -Ҳафтаи равон дастаи варзишгарони Федератсияи карате киёкушинкайи Тоҷикистон барои  иштирок дар чемпионати кушоди Аврупо оид ба карате-киёкушинкай дар шаҳри Берлини Олмон қарор доштанд. Дар ин чемпионат ҳайати ҳафтнафараи варзишгарони тоҷик таҳти роҳбарии раиси федератсияи мазкур мураббии шинохта Ҳикматулло Кароматов ширкат варзиданд. Дар чемпионати кушоди Аврупо сенздаҳ кишвар ва дусаду ҳафтод варзишгар иштирок доштанд. Варзишгарони тоҷик дар ин сабқат хуб ҳунарнамоӣ карда, сазовори як медали нуқра ва чор медали биринҷӣ гардида, боиси боло шудани парчами кишварамон дар ин давлати аврупоӣ гардиданд. Ҳайати варзишгарони кишварро дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Олмон сафир Маликшо Неъматов пазироӣ намуда, ғолибонро бо натиҷаҳои ба дастовардаашон табрик кард. Сафир ҳангоми суҳбат бо варзишгарон иброз дошт, ки ҳар як натиҷаи варзишӣ ва боло шудани парчами миллӣ дар кишварҳои гуногун боиси ифтихор ва  муаррифии давлати соҳибистиқлоламон мегардад.

Март 25, 2016 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад