Конфронси ҷумҳуриявӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ

Март 10, 2016 10:30

Душанбе, 10.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Ба ифтихори 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи аввали моҳи сенябр дар шаҳри Душанбе конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «25 соли истиқлолият: таҷаллии тафаккури нав дар фарҳанг ва ҳунари миллӣ» баргузор мегардад.
Конфронси мазкур бо ибтикори Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои кишвар гузаронида шуда, дар он иштироки доираи васеи олимони варзида ва коршиносон дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар конфронс масъалаҳои таҳлили фалсафию илмии ташаккул, хусусият ва моҳияти тафаккури нав дар фарҳанги миллӣ, санъати меъморӣ ва фарҳангии шаҳр, мушкилиҳои пиёдашавии тафаккури нав дар ҷомеа ва дигар мавзӯъҳои марбут ба фарҳангу ҳунар мавриди баҳсу баррасии иштирокдорони конфронс қарор гиранд.

Март 10, 2016 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»