Л.Мӯсоева: Занро офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад
Душанбе, 7.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.
Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.
Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони фаъоли касбу кори гуногун бо чанд савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.
Мусоҳиби имрӯзаи мо нотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лайлӣ Мӯсоева мебошад.
«Ховар»: Сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?
Л. Мӯсоева: Воқеан ҳам Зан-Модар олиҳаи ҳаёту зиндагист, ки зоҳиру ботини ӯ саршор аз покиву зебоӣ ва меҳру муҳаббати бепоён аст. Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «Атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад». Зан – Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад. Дар замони муосир рисолати Зан-Модар, пеш аз ҳама, дар сабуриву заҳматкашӣ, меҳнатқаринӣ ва созандаву тарбиятгари фарзанду оила будани ӯ таҷассум меёбад. Зан-Модар чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
«Ховар»: Оё мақоми имрӯзаи Зан-Модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек, нигоҳдории оила мусоидат мекунад?
Л. Мӯсоева: Бале, дар тарбияи имрӯзаи фарзандону таҳкими оила мавқею нақши Зан-Модар хеле муассир ба чашм мерасад. Чун модарон тарбиятгари фарзандонанд, аз ин рӯ дар мадди аввал кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то фарзандон дар рӯҳияи солим тарбия ёбанд, илм аз худ кунанду оила барпо кунанд. Зани хубу порсо оилаи хубу фарзандони солеҳ тарбия кардаву ба воя мерасонад. Амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бештар ба Зан-Модар вобастагии амиқ дорад. Модар дар инкишофи маънавиёт ва тарбияи ахлоқии фарзанд нақши муҳим мебозад, зеро дар ҳар хонадон маҳз модар аст, ки эҳсоси меҳрубониву ҳамдардӣ, ҳамдиливу ғамхорӣ, муҳаббат ба наздикон, сабру таҳаммул ва тартибу низоми хонаводаро фароҳам оварда, ба фарзандони худ расму таомули оилавиро меомӯзонад. Модари солиму порсо ва кордону меҳрубону соҳибмаърифат оилаи солим ба вуҷуд меорад.
«Ховар»: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ?
Л. Мӯсоева: Пеш аз асри ХХ зани тоҷик дар як ҳолати вазнину сангин ҳаёт пеш мебурд, ки аз ҳар гуна озодиҳо маҳрум буд. Овони побарҷойии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зани тоҷик қисман то ҷое аз озодиҳои худ бархудор буд, аммо бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон озодиҳои бештаре насиби зан-Модари тоҷик гардид. Бинед, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони махсуси худ нақши Зан-Модарро дар ҷомеа муассир арзёбӣ кард. Интишори Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарини эътимоду бовар ба занон ва қадрдонӣ аз масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордонии онҳо мебошад, ки чунин ғамхориву таваҷҷуҳи хосса нисбат ба Зан-Модар дар даврони соҳибистиқлолӣ сурат гирифт. Барои амалӣ гардидани иқдоми мазкур заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гардид ва имрӯз бо чашми сар мебинем, ки дар доираи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», чандин барномаҳои давлатӣ татбиқ шуда истодаанд.
Маҳз чунин озодиҳо нисбат ба занону бонувон аст, ки имрӯз дар аксари ташкилоту муассисаҳои давлатӣ бонувон сарвару роҳбаранд. Вақте ки Зан-Модар озод аст, метавон хулоса кард, ки онҳо аз шароити хубе бархурдоранд. Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон дар бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон шакли сиёсати давлатии Тоҷикистон эҷод гардид.
Албатта, дар ҷомеае, ки ба Зан-Модар арҷ мегузоранд, ҳеҷ гуна мушкилот наметавонад пешорӯи модарон қарор гирад ва чунин эҳтиромгузорӣ нисбат ба Зан-Модар аз соҳибҳуқуқиву соҳибистиқлолии ҷомеа дарак медиҳад. Агар гӯям, ки имрӯз модари тоҷик хушбахттарин модари рӯйи олам аст, фикр мекунам хато нахоҳам кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони кишвар гуфта буд, ки: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Зан-Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.
«Ховар»: Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардед?
Л. Мӯсоева: Албатта, чунин лаҳзаҳои гуворои ҳаёт хеле зиёд дидаам. Аммо фикр мекунам, беҳтарин лаҳзаи ширини зиндагиам ин рӯзи ба дунё овардани нахустин тифлу аввалин рӯзи ба мактаб қадам мондани ӯ, нахустин рӯзи донишҷӯй гаштан ва хонадор кардани фарзанду ба дунё омадани аввалин набераи дӯстрӯям буд. Шукри Худо, ки имрӯз соҳиби ду набераи дӯстрӯям, ки бо лаҳни ширину гуворои тифлонаашон зиндагиамро беҳтарину хотирмон гардонидаанд.
«Ховар»: Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқи миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?
Л. Мӯсоева: Тавофут миёни зани маълумотдору бемаълумот фарқ байни замину осмон аст. Албатта, ҳастанд занону модароне, ки ҳарчанд даргоҳи илмие хатм накардаанд, аммо аз таҷрибаи рӯзгору ҳаёт он қадар сабақ гирифтаанд, ки дар хонаву деҳот гули сари сабаду беҳамтоянд. Аммо агар ба замми ин ҳама кордонӣ соҳибмаълумот мебуданд, он гоҳ дар иҷрои корҳои давлатӣ метавонистанд саҳми бештар гузоранд. Зани соҳибдонишу соҳибмаълумот метавонад дар ободиву рушди кишвар ва муҳимтар аз ҳама, дар тарбияи насли наврас ва оилаи солим нақши муҳим аз худ боқӣ гузорад.
Ба тасвиб расидани Фармони Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 барои таъмини иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, таҳкими нақши онҳо дар густариш пайдо кардани ғояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат такони бузурге бахшид.
«Ховар»: Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо чӣ тавр таъмин мекунед?
Л. Мӯсоева: Бале, воқеан ҳам дуруст гуфтед. Зан бояд чароғи фурӯзони хонадон бошад, амсоли офтоб ба хона нуру гармӣ бахшад. Дар баробари ин ҳама бояд кадбонуи хуби хонадон бошад, тавонад бо омоданамоии ғизоҳои гуногуну болаззат аҳли хонаводаро таъмин созад. Маро хислатест дар хонадон, ки ҳеҷ гоҳ табассум аз лабонам канда нест ва ҳар мушкилоту норасоии хонаро бо хушҳолию маслиҳату машварати аҳли оила мавриди ҳал қарор медиҳам. Кӯшиш мекунам, то дар оила ба нафси фарзандону келину ҳамсарам сахт нарасам, балки талош меварзам то дар ҳалли ҳар масоили оилавӣ ба эҳсосот дода нашавам ва ҳуқуқи касеро поймол накунам. Фикр мекунам вақте дар оила ҳар гуна мушкилот аз тариқи маслиҳату машварат ҳалли худро соҳиб мегарданд, фазои орому таскинбахш дар чунин оила ҳукмрон аст. Дар навбати худ келину фарзандонам ҳам дарку эҳсос мекунанд, ки дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ муҳаббате беҳтару бештар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модар нест.
—Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик
Ҷавоб: Ба ҳар модару бонуи тоҷик орзу дорам, то дар оилаву ҷомеа созанда бошанд, дар таълиму тарбияи фарзандони нексиришту ояндаи миллат саҳми муносиб гузоранд, садди ҷавонону наврасоне гарданд, ки роҳи ифротгароӣ пеша карда, доғ бар миллат меоранд.
Маҳз рисолати бузурги Зан-Модар аст, ки ҷомеа ба он арҷ мегузорад, мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад. Аз ин рӯ ба хотири номи пуршарафи Зан-Модари тоҷикро соҳиб шудан, ба ҳар зану модару бонуи тоҷику тоҷикистонӣ таманно дорам, ки чун модар на танҳо азизтарин шахс барои аҳли хонадон, балки гаронбаҳотарин сарват барои халқу миллат бошанд.
Таҳияи Лайло Қосимова