М. Асозода: «Роҳбари давлати мо бори дигар нишон дод, ки мо мардуми тамаддунофар ҳастем»

Март 20, 2016 16:22

Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ «Ховар»).—«Иди Наврӯз ҷашнест, ки дилҳоро наздик мекунад. Мардумони минтақаҳое, ки Наврӯзро мепарастанду ҷашн мегиранд,  бо дилҳои худ ба ин ҷо омаданд. Дилҳои худро кушода доданд. Ҳар баромаде, ки мо шунидем, аз дил буд, ҳар сухане, ки гуфтанд аз дил садо дод», — яке аз зиёии мамлакат Мӯсо Асозода андешаашро чунин баён намуд.

Вай афзуд, ки мардумони наврӯзофар, мардумони ориёинажод, мардумоне, ки тамаддуни волои тоҷикӣ, форсӣ-ориёиро ба мардумони дигар пешниҳод кардаанд, онҳо тавонистанд дар ҷумлаи ана ҳамин мардуми Тоҷикистон, дар симои Ҷашни Наврӯз, ки дар ҳақиқат, як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ гардонанд.

«Роҳбари давлати мо бори дигар нишон доданд, ки мо мардуми тамаддунофар ҳастем. Мардуме ҳастем, ки дар асри 6-и пеш аз мелод  тамадуни худро ба Аврупо шомил кардем ва гуфтем, ки мо тамадунофар ҳастем.  Имрӯз Тоҷикистони азизи мо бо Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз бори дигар нишон дод, ки мо наврӯзофару наврӯзнигоҳдор ҳастем ва шукӯҳи Наврӯзро сол то сол  боло мебардорем»,-тазаккур дод Мӯсо Асозода.

Март 20, 2016 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад