М. Асозода: «Роҳбари давлати мо бори дигар нишон дод, ки мо мардуми тамаддунофар ҳастем»
Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ «Ховар»).—«Иди Наврӯз ҷашнест, ки дилҳоро наздик мекунад. Мардумони минтақаҳое, ки Наврӯзро мепарастанду ҷашн мегиранд, бо дилҳои худ ба ин ҷо омаданд. Дилҳои худро кушода доданд. Ҳар баромаде, ки мо шунидем, аз дил буд, ҳар сухане, ки гуфтанд аз дил садо дод», — яке аз зиёии мамлакат Мӯсо Асозода андешаашро чунин баён намуд.
Вай афзуд, ки мардумони наврӯзофар, мардумони ориёинажод, мардумоне, ки тамаддуни волои тоҷикӣ, форсӣ-ориёиро ба мардумони дигар пешниҳод кардаанд, онҳо тавонистанд дар ҷумлаи ана ҳамин мардуми Тоҷикистон, дар симои Ҷашни Наврӯз, ки дар ҳақиқат, як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ гардонанд.
«Роҳбари давлати мо бори дигар нишон доданд, ки мо мардуми тамаддунофар ҳастем. Мардуме ҳастем, ки дар асри 6-и пеш аз мелод тамадуни худро ба Аврупо шомил кардем ва гуфтем, ки мо тамадунофар ҳастем. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо бо Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз бори дигар нишон дод, ки мо наврӯзофару наврӯзнигоҳдор ҳастем ва шукӯҳи Наврӯзро сол то сол боло мебардорем»,-тазаккур дод Мӯсо Асозода.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






