М. Неъматов: «Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Олмон мавқеи муносиб дорад»

Март 31, 2016 16:18

Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Пагоҳ, 1-уми якуми апрел вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон Франк Валтер Штайнмаер — раиси амалкунандаи САҲА барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Ин мақоми баландпояи Олмонро дар ин сафар ҳайати калони гурӯҳи соҳибкорон, вакилони Парлумон (Бундестаг), намояндагони илму фарҳанг ва гурӯҳи журналистон ҳамроҳӣ мекунанд. Интизор меравад, ки зимни сафари расмӣ вазири корҳои хориҷӣ бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов дидору мулоқот анҷом диҳад.
Инчунин ҳайати ҳамроҳ дар доираи барномаи сафар бо ҳамтоёни худ, аз ҷумла аъзои Парлумони Бундестаги Олмон бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ва аъзои гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Олмон вохӯрӣ анҷом медиҳанд. Гурӯҳи соҳибкорон, ки намояндагони ширкатҳои машҳури Олмон ба он шомиланд, бо соҳибкорони Тоҷикистон ҳамоиши иқтисодӣ доир намуда, бо масъулини бахши иқтисодии Ҳукумат ва вазорату идораҳои дахлдор мулоқотҳои корӣ анҷом медиҳанд. Аҳли илму фарҳанг аз муассисаҳои фарҳангӣ дидан намуда, бо масъулини Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳо вохӯриҳо анҷом медиҳанд. Бовар аст, ки ин сафар ба муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангии ҳарду кишвар такони ҷиддӣ ворид месозад.
Ёдовар мешавем, ки Олмон аз аввалин кишварҳои аврупоӣ ба шумор меравад, ки дар қитъаи Аврупо истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро моҳи декабри соли 1992 ба расмият шинохт ва муносибатҳои хуби дӯстона бо кишвари моро ба роҳ андохта, аз аввалинҳо шуда, Сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе кушод. Тоҷикистон низ аввалин Сафоратхонаи худро дар қитъаи Аврупо дар Олмон соли 1994 ифтитоҳ намуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра ду маротиба- солҳои 2003 ва 2011 бо сафари расмӣ ба Олмон ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафарҳо мулоқот дар сатҳи олӣ баргузор гашта, санадҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд. Умуман баъди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Олмон беш аз 40 санади ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногун ба имзо расидааст. Ба таври доимӣ намояндагони бахшҳои гуногуни давлатӣ ба кишварҳои якдигар сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом медиҳанд. Аз соли 2002 Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон амал мекунад, ки ҳар ду сол дар кишварҳои ҳамдигар баргузор мегардад. Дар кори комиссия масъалаҳои муҳими муносибатҳои ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ, техникӣ ва тиҷоратии дуҷонибаи ҳарду кишвар баррасӣ мегарданд. Ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ моҳи октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Нақшаю дурнамои ҳамкорӣ байни кишварҳоямон дар машваратҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон ҳамасола мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар натиҷаи кори ин комиссияи байниҳукуматӣ ва машваратҳои доимӣ аз соли 2002 то инҷониб кишвари Олмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи наздики 250 миллион евро кумакҳои молиявӣ ва техникӣ намуда, даҳҳо лоиҳаҳои муҳим дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, хоҷагии ҷангал, рушди инфрасохтор ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаро амалӣ намудааст. Сафорати Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон, Агентии байналмилалии ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар шаҳри Душанбе дар амалӣ намудани рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва лоиҳаҳои хурду миёна саҳмгузор буда, бо мусоидати Хадамоти мубодилаи академикии Олмон (DAAD) садҳо донишҷӯёни тоҷик дар донишкадаҳои Олмон касбу ҳунар меомӯзанд. Соли равон дар шаҳри Душанбе намояндагии Бонки Рушди Олмон ифтитоҳ ёфт, ки ҳадафаш мусоидат дар амалӣ намудани лоиҳаҳои ҳаётан муҳим дар кишварамон ва рушди соҳибкорӣ мебошад.
Аз оғози соли 2016 байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Олмон машваратҳои байниидоравӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ҷаласаи аввалаш дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду кишвар дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст ва гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Парлумони (Бундестаг)-и Олмон амал мекунад. Ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, энергетика, бозомӯзии кадрҳо, соҳаи геология, бостоншиносӣ, рушди хоҷагии ҷангал, рушди инфрасохтор, байни вазоратҳои адлияи ҳарду кишвар, мубориза бар зидди маводи мухаддир, рушди соҳибкории хурду миёна ва рушди минтақавӣ дар ҳоли рушд қарор доранд.
Ҳамасола бо ташабббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи шарқи иқтисоди Олмон дар шаҳри Душанбе ва заминаҳои гуногуни Олмон бизнес-форумҳои иқтисодӣ баргузор мегарданд, ки дар ҷалби сармоягузорону соҳибкорони олмонӣ ба бозори иқтисодии кишварамон мусоидат менамоянд. Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар заминҳои Ҳамбург ва Шлезвиг Ҳолштайни Олмон амал мекунад, ки дар ташвиқи фарҳанг ва ҷалби сармоягузорону соҳибкорон ба иқтисодиёти кишварамон корҳои зиёдеро анҷом медиҳад.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташвиқу тарғиб ва ошно намудани таъриху фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон дар Олмон чорабиниҳои зиёд доир намуда, дар онҳо намояндагони қишрҳои гуногуни кишвари иқомат даъват мегарданд. Ҷашнвораҳо, санаҳои таърихӣ, алахусус Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи баланд бо ҷалби аҳли фарҳанг доир мешаванд. Дар кишвари Олмон ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон амал мекунад, ки аксари ҳамватанонамон дар чорабиниҳои он иштироки фаъол доранд. Солҳои охир шумораи сайёҳон аз Аврупо, алалхусус аз Олмон ба кишварамон меафзояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушди соҳаи туризм ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба Тоҷикистон ҳамасола дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Берлин бо гӯшаи алоҳида иштирок карда, захираҳои сайёҳии кишварамонро дар байни наздики 200 кишвари олам муаррифӣ менамояд. Соли дуюм аст, ки намояндагони бахшҳои гуногуни ҳунармандони ҳунарҳои миллиамон дар намоишгоҳи бузурги ҳунармандон дар шаҳри Франкфурти лаби Майни Олмон иштирок мекунанд. Соли равон дар Олмон китоби Тоҷикистон бо забони олмонӣ, ки роҳнамо барои сайёҳони Олмон ва Аврупо ба шумор меравад, иборат аз 400 саҳифа ба нашр расид, ки дар он маълумоти зарурӣ ба дӯстдорони сайру саёҳат барои анҷоми сафар ба Тоҷикистон кумак мерасонад. Дар Донишгоҳҳои Ҳумболди Берлин ва Отто Фридрихи Бавария забони тоҷикӣ омӯхта мешавад ва донишҷӯёни олмонӣ барои такмили дониши забонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Соли равон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон баргузории чандин ҳамоишу чорабиниҳоро ба истиқболи 25- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Берлин ва дигар музофоти Олмон дар нақша дорад, ки метавонад дар пешбурди ҳамкории гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Олмон ва бад ин васила ташвиқи имрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошад.
Аз сатҳи кунунии ҳамкории мутақобилан судманди ҳарду ҷониб дар бахшҳои гуногун бармеояд, ки ҳанӯз имконоту захираҳои рушди ҳамкорӣ зиёданд ва сафари ҳайати баландпояи Ҳукумати Федеролии Олмон барои муайян намудани дурнамои ин ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Маликшо Неъматов, сафири
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон

Март 31, 2016 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо баррасӣ гардид
Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат табодули афкор намуд
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Тоҷикистон барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд
Дар Тошканд вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд