М. Ғойиб: «Шаҳомате, ки Наврӯз дар диёри тоҷикон дорад, исбот намуд, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз аст»
Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ «Ховар»).—«Имрӯз ҷашни байналмилалии Наврӯз бо Симпозиуми байналмилалии илмии “Наврӯз дар адабу ҳунари ҷаҳон” оид ба баррасии масъалаҳои муҳимтарини ташаккулу таҳаввули Наврӯз оғоз ёфт ва ин пайки тозаи баҳорӣ аст», — иброз дошт Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб пас аз мулоқот ва суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни кишвар, ки имрӯз дар «Кохи Борбад»-и пойтахт баргузор шуд.
Ба таъкиди Муҳаммад Ғойиб, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи ҷаҳониён аст, ки бо сифатҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.
«Наврӯзи имсола, дар ҳақиқат Наврӯзи ҷаҳонӣ шуд. Он шукӯҳу шаҳомате, ки Наврӯз дар диёри тоҷикон ҷилванамоӣ дорад, он хурсандие, ки хурду бузург, пиру ҷавон доранд, исбот менамояд, ки ҳақиқатан Тоҷикистон ватани Наврӯз аст. Наврӯзи имсола бо ширкати адибон, таърихшиносон, мунаққидон ва фарҳангшиносони машҳури ҳамаи кишварҳо хурсандии моро дучанд намуд»,-тазаккур дод.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






