Маҳфили «Ҷаҳони андеша» бо ҳуқуқшинос А. Неъматов

Март 2, 2016 07:31

Душанбе, 02.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — 4 — уми марти соли 2016 соати 14:00 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” баргузор мегардад.
Аз дафтари матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин ба АМИТ “Ховар” хабар дод, ки дар маҳфил мавзӯи “Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Гузоришгари маҳфил доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ Акмалҷон Неъматов аст.
Ба диққати кулли донишмандон, пажӯҳишгарон ва ҳамаи хоҳишмандон расонида мешавад, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша” ҳар ҳафта як маротиба дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Иштирок дар маҳфили “Ҷаҳони андеша” озод аст.

Март 2, 2016 07:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд