Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 30, 2016 11:08

 

Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 баррасӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар асоси нақша дар баробари дигар тадбирҳои мушаххас навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Вобаста ба кор андохтани маркази барқу гармидиҳӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки то моҳи октябри соли 2016 тамоми иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва хонаҳои баландошёнаи пойтахт ба системаи гармидиҳӣ пайваст карда шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз ҳозир роҳбарони сохторҳои марбута баҳри захираю таъмини маводи сӯхт ва хӯрока, инчунин омода кардани муассисаҳои соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ ва зеристгоҳҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Барои таъсиси Ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба зимистонгузаронӣ аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аъзои Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои қарорҳоро дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020, дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016, дар бораи барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016 -2020, дар бораи тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи кумаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабиро баррасӣ намуданд.

Вобаста ба Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020 гузориши раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъа шунида шуд. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии барномаҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои мавҷуда ва дар ин замина ба кор даровардани иқтидорҳои маҳаллӣ мебошад.

Президенти мамлакт Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини сохторҳои давлатӣ ва роҳбарияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои пурра бартараф кардани оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Рӯшон ва бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намудани аҳолӣ супоришҳои мушаххас дод.

Дар робита ба лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 зикр карда шуд, ки дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди 20 корхона бо 195 ҷойи корӣ, вилояти Хатлон 70 корхона бо 3670 ҷойи корӣ, вилояти Суғд 55 корхона бо 880 ҷойи корӣ, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 19 корхонаю коргоҳ бо 1300 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин дар корхонаҳои амалкунандаи кишвар таъсиси коргоҳҳои нав ва марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ бо 3000 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар кори маҷлис хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 лоиҳаи қонун, аз ҷумла дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Лоиҳаҳои як қатор Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)” баъди қабул барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда шуд.

Дар фароварди кори маҷлис Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои саривақтии супоришҳо оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла вобаста ба тезонидани корҳои саҳроӣ, содироти меваю сабзавот, вусъати корҳои ободонӣ, рушди туризм, омодагӣ ва дар сатҳи хуби ташкилию камхарҷ гузаронидани чорабиниҳои давлатӣ ва ҷашну идҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

 

Март 30, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд