Мактаби тобистонаи олимони ҷавони бостоншинос

Март 2, 2016 10:47

Душанбе, 02.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии фонди байнидавлатии ҳамкории гуминитарии ИДМ аз 4 то 10 июли соли 2016 дар Саразм (шаҳри Панҷакент, Ҷумҳурии Тоҷикистон) мактаби тобистонаи олимони ҷавони бостоншиносро баргузор менамояд.
Аз маркази матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин ба АМИТ “Ховар” хабар дод, ки мақсади баргузор намудани мактаби тобистонаи олимони ҷавони бостоншинос шиносоӣ бо таҷрибаи тадқиқоти бостоншиносӣ дар минтақаҳои кӯҳсор, усули ҳифз намудани маҳаллаҳои таҳқиқи бостоншиносӣ дар мисоли Саразм, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии болооби Зарафшон дар ҳафриёти Саразм ба ҳисоб меравад.
Дар доираи чорабинии мазкур барои олимони ҷавони бостоншинос машғулиятҳои амалӣ доир мешаванд.

Март 2, 2016 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд