Мавзуна Чориева ба Чин сафарбар гардид
Душанбе, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистони олимпӣ Лондон — 2012, узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷамъомади таълимӣ-варзишӣ ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба шаҳри Урумчӣ ва шаҳри Кияняни Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар гардид. Сафари муштзани маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева то 3 апрели соли 2016 идома ёфта, ӯро мураббияш Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ менамояд.
Ин сафари варзишгари тоҷик бо мақсади иштироки узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимӣ-варзишӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ва иҷрои қисми 7 банди 6 «бокс», нақшаи маблағгузории Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2016 рӯи даст гирифта шудааст.
Мавзуна Чориева, ки соли 2012 дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон — 2012 соҳиби медали биринҷӣ гардид, ба бозиҳои Олимпии Рио-Де-Женейро омодагии ҷиддӣ мебинад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






