Мулоқоти Азим Иброҳим бо ноиби президенти «Аэробус»
Душанбе, 19.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дирӯз бо ноиби президенти Ширкати «Аэробус» Силвере Делануей мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили вобаста ба иҷрои мувофиқаҳои зимни вохўрии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти ин ширкати бонуфузи аврупоӣ дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ба даст омада, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ноиби президенти Ширкати «Аэробус» Силвере Делауней бо қаноатмандӣ таъкид кард, ки ҳоло як ҳайати бонуфузи роҳбарият ва коршиносони Ширкати «Аэробус» бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, масъалаи мустақим пешниҳод намудани тайёраю чархболҳо ва бо ин тартиб ворид гардидан ба бозори хизматрасонии интиқоли мусофирон ва боғоҷро аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омўзиш қарор медиҳанд ва нияти васеъ гардонидани фарогирии ҷуғрофии ҳамкорӣ ва фароҳамсозии заминаи мусоиди тақвияти ин муносибатҳоро доранд.
Дар идомаи гуфтушунид оид ба нишондиҳандаҳо ва афзалиятҳои техникии тайёраҳо ва чархболҳои мусофиркаш вобаста ба талаботи мутобиқ ба шароити кўҳсор табодули афкори судманд баргузор шуд. Муовини сарвазири мамлакат ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаро бо шарту шароити манфиатбор аз афзалиятҳои ҳамкории минбаъдаи дуҷониба арзёбӣ намуда, изҳори итминон кард, ки барои расидан ба марҳилаи нави ҳамкорӣ имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода бурда мешаванд.
Ҳайати намояндагони Ширкати «Аэробус» аз пазироии самимии ҷониби Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, пешниҳод намуданд, ки дар доираи имконияти ширкат, бо мақсади тақвияти муносибатҳои минбаъда, масъалаи омода кардани ҳавонавардҳо, мутахассисони таъмиргар ва ҳайати хизматрасони тайёраю чархболҳо низ дар мадди назари аввал қарор дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






