Мулоқоти Н. Ҳикматуллозода бо сафирони Маҷористон ва Шоҳигарии Бруней
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Маҷористон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андраш Баранӣ вохӯрӣ намуда, дипломати маҷористониро барои ба ин мақом таъйин шуданаш табрик кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Маҷористон, соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди соҳаҳои саноат ва гидроэнергетика, ҷалби сармоягузорӣ, имконият ва иқтидори содиротӣ, рушди сайёҳӣ ва ташкили инфрасохтори замонавӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дирӯз вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ҳамчунин бо Сафири Шоҳигарии Бруней Доруссалом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Маҳади Майдин мулоқот анҷом дод, ки дар он роҳандозӣ намудани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.










Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад






