Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии «KEGOC» ва лоиҳаҳои муосири он дар самти рақамикунонии соҳаи энергетика шинос шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот раиси Раёсати Ҷамъияти саҳомии «KEGOC» Набӣ Айтжанов самтҳои асосии фаъолияти ширкат, дурнамои рушди низоми ягонаи электроэнергетикии Қазоқистон ва раванди татбиқи лоиҳаҳои стратегии сармоягузориро муаррифӣ намуд.
Дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷонибҳо масъалаҳои рақамикунонии соҳаи энергетика, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунии низоми энергетикӣ қарор доштанд. Дар ин замина роҳбарияти ширкати «KEGOC» роҳҳалҳои муосири технологиро, ки ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, самаранокӣ ва устувории фаъолияти шабакаҳои миллии интиқоли неруи барқ равона гардидаанд, муаррифӣ намуд.
Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон барои тақвияти ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба дар самти рақамикунонии соҳаи энергетика, истифодаи имконияти зеҳни сунъӣ ва такмили низоми идоракунии шабакаҳои электроэнергетикӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






