Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Муҳаммад Ҷамал Ал-Саатӣ

Март 4, 2016 14:57

Душанбе, 4.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, нақлиёт, тандурустию фарҳанг ва кишоварзӣ дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода бо роҳбари ҳайати гурӯҳи Бонки исломии рушд, директори барномаҳои кишварӣ-Муҳаммад Ҷамал Ал-Саатӣ, ки барои омӯзиши лоиҳаҳои афзалиятнок ва дарёфти роҳҳои нави таҳкими робитаҳо бо сохторҳои давлатию хусусӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни суҳбат инчунин татбиқи бомуваффақияти як зумра лоиҳаҳои муштарак, ки дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва шарикӣ миёни ду ҷониб саҳми муайян гузоштанд, таъкид гардид.

Март 4, 2016 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд