Мулоқоти Пешвои миллат бо Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Раҳил Шариф

Март 1, 2016 18:24

Душанбе, 01.03.2016. (АМИТ «Ховар»). —  Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Раҳил Шарифро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории сиёсию низомии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.

“Мо аз сатҳи таҳкими ҳамкории дуҷонибаи ҳарбӣ, ки бар ҳамдигарфаҳмию эҳтироми манофеи ҳарду ҷониб асос ёфтаанд, қаноатманд мебошем” — таъкид дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо роҷеъ ба вазъу дурнамои равобити сиёсӣ ва низомии ду кишвар табодули андеша карда, ҳамкории артишҳои миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистонро барои мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир муҳим маънидод намуданд.

Баргузории мунтазами музокироти сатҳи олӣ омили муассири тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар ва фароҳам овардани заминаи мусоид дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳанг, илм, маориф, энергетика, пешбурди муштараки лоиҳаҳои зерсохторӣ барои тавсеаи ҳамгироии минтақавӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва таъмини амнияту субот муҳим арзёбӣ карда шуд.

Зимни мулоқот инчунин оид ба дигар мавзӯъҳои робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ, ки ба нафъи халқҳову давлатҳо равона гардидааст, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

 

Март 1, 2016 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд