Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони шаҳри Конибодом

Март 24, 2016 17:08

Душанбе, 24.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом бо сокинон суҳбати самимӣ доир кард.

Мулоқоти Сарвари давлат бо мардуми сершумор, ки ба истиқболи Пешвои миллат омада буданд, дар зардолубоғи хоҷагии деҳқонии Ғалабаи ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом баргузор шуд.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ — Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, ба сокинон бахту иқболи баланд ва баракати кор орзу намуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи корҳои созандагию бунёдкории Ҳукумати кишвар имрӯз дар шаҳри Конибодом якчанд иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ гардид. Ҳадаф аз бунёди корхонаҳои саноатӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бо шуғл фаро гирифтани мардум ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми неки соҳибкорони шаҳр баҳри мусоидат дар ободии диёри хеш изҳори сипос намуда, диққати ҳозиринро ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, рушди соҳаи боғдорӣ, содироти ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ, инчунин дигар корҳои хайр ҷалб кард.

Ба андешаи Пешвои миллат мардуми шаҳри Конибодом бо такя ба анъанаҳои неки гузаштагони худ ба корҳои ободонӣ бо азми қавӣ муносибат карда, бо меҳмоннавозӣ, заҳматдӯстӣ ва ватанпарвариву фарҳангдӯстии хеш дар ҷодаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон саҳми назаррас мегузоранд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарину қавииродаи Конибодом барои пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, онҳоро ба идомаи корҳои созандагӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандорию хештаншиносӣ ҳидоят намуд.

Баъди суханронии Сарвари давлат аз номи сокинони шаҳр Аҳрор Бобоҷонзода — омӯзгор, Шаҳноза Аҳмадова – донишҷӯ, Нозими Нуъмонӣ кишоварз ва Зарнигор Баротова – омӯзгор суханронӣ карда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии сазовор изҳори миннатдорӣ карданд.

Март 24, 2016 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд