Мулоқоти роҳбарони агентиҳои иттилоотии ИДМ бо донишҷӯёни донишгоҳҳои олии пешбари кишвар

Март 16, 2016 10:52

Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Мулоқоти роҳбарони агентиҳои давлатии кишварҳои иштирокдори ИДМ бо донишҷӯёни донишгоҳҳои олии пешбари кишвар дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғоз шуд.
Директори агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Заробиддин Қосимӣ меҳмонон ва донишҷӯёнро хайра мақдам гуфта, мухтасар дар бораи ҷаласаи шӯро, ки дирӯз, 15-уми март дар Китобхонаи миллии кишвар доир гардид, иттилоъ дод.
Директори АМИТ «Ховар» ҳамчунин донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахтро бо фаъолияти агентиҳо шинос кард.
Донишҷӯён ба меҳмонон дар бораи фаъолияти агентиҳо саволҳо доданд. Саволҳо асосан ба фаъолияти рӯзноманигорон, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва таассурот дар бораи ҷумҳуриамон равона шуда буданд.
Ҳамчунин меҳмонон аз толорҳои осорхона дидан карда, бо таърихи бостон ва муосири Тоҷикистон шинос шуданд.

Март 16, 2016 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид