Мусодираи беш аз 9 кг маводи мухаддир дар пойтахт
Душанбе, 31.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Хадамоти гумруки кишвар аз мусодираи беш аз 9 килограмм маводи мухаддир иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки зимни амалиёти фаврӣ кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳудуди пойтахт шаҳрванд М. У-ро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд.
Ҳангоми кофтукови воситаи нақлиёти тамғаи Мерседес Бенс, аз бағоҷи мошини мазкур як қуттии картонӣ дарёфт гардид, ки дар дохили он 20 бастаи селофанпечи рангашон сиёҳ бо вазни беш аз 9 килограмм маводи нашъаовар ошкор ва мусодира шуд. Назар ба маълумотномаи коршиносони шуъбаи ташхиси судӣ вазни холиси маводе, ки аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон М.У мусодира гардидааст, 9 килограмму 086, 6 граммро ташкил дода, маводи нашъаовари навъи ҳашиш аст.
Ҳамин тариқ, шаҳрванд М. У бо ҳаракатҳои худ ҷинояти дар моддаи 200, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан, мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон содир намудааст. Дар асоси ин далелҳо нисбат ба шаҳрванд М. У. парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, барои тафтиш ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ фиристода шуд.








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






