Нақши васоити ахбори омма дар мубориза бо маводи нашъадор
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзҳои 10-11 марти соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон- шаҳри Бишкек бо дастгирии Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ семинари минтақавӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии рӯзноманигорон дар самти мубориза бо маводи нашъадор гузаронида шуд, ки дар кори он намояндагони агентиҳои иттилоотӣ ва роҳбарони марказҳои матбуотии идораҳои зидди мухаддиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ- Қазоқистон, Кирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, инчунин Эрон, Афғонистон ва Покистон иштирок доштанд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори семинар намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ иштирок намуданд.
Дар семинар масъалаҳои нақши васоити ахбори омма дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар инъикос намудани мавзӯи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ,дар ҳалли масоили пешгирии ҷалби ҷавонон ба истеъмоли маводи нашъадор мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Иштирокдорони семинар диққати асосиро ба коркарди усулҳои нави пешкаш намудани хабару мақола оид ба пешгирии нашъамандӣ, созмон додани рекламаи иҷтимоии зидди мухаддиротӣ барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ дар бораи оқибатҳои фоҷиабори истеъмоли маводи нашъадор равон сохтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






