Намоиши фарҳангии Ҷопон дар Душанбе
Душанбе, 02.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада мулоқот намуд. Дар мулоқот масъалаи рӯзҳои 12 — 13 марти соли равон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе баргузории чорабинии махсуси намоиши фарҳангии Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи барнома рӯзи аввал намоиши санъати Икебана ва Консерти КОТО, Шамисен (асбобҳои торӣ) ва намоиши кимоно ва рӯзи дуввум МОЧИ (куфтаи биринҷ), Фестивали БУДО (Маҷмӯи варзишҳои ҷопонӣ) ва АВАОДОРИ (Рақси суннатии Ҷопон) пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамзамон намоиши филмҳои муосир «Аз ман ба ту», инчунин САДО (Маросими тайёр намудани чой), СЁДО (ҳунари хушнависӣ), ЮКАТА (либоси суннатии ҷопонӣ), ОРИГАМИ ва амсоли инҳо манзури тамошобинон мешаванд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






