«Наврӯзи шеър» дар ДДЗТ

Март 17, 2016 09:38

Душанбе, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- 16 марти соли равон бо ташаббуси факултаи филологияи тоҷики ДДЗТ ба номи С.Улуғзода дар доираи Ҳамоиши ҳавзаи адибони Наврӯз маҳфиле бо номи «Наврӯзи шеър» доир гардид. Дар маҳфил шоираи ширинкалом Адибаи Хуҷандӣ ширкат варзида, аз ашъораш шеърҳо қироат намуд. Ҳамзамон ба навқаламони донишкада, ки дар роҳи шеърнависӣ қалам ба даст гирифтаанд, маслиҳатҳои муфид дод.
Навқаламони донишкада Каримҷон Салимов, Кишваршо Ниёзӣ, Доро Суҳробӣ, Меҳрангези Зиёвиддин, Бегиҷон Аскаров, Ёрмуҳаммад Шоев ва дигарон порчаҳои шеърии худро, ки дар ин фасли зебои сол ва дар ин фурсати муносиб барояшон муҳайё гардида буд, қироат намуданд.
Маҳфил дар доираи худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтироми муқаддасоти Ватан, ҳифз ва арҷгузории ин марзу буми аҷдодӣ доир гардид.

Март 17, 2016 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад