Обуҳавошиносон борон ва раъду барқ пешгӯӣ мекунанд
Душанбе, 28.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 28-уми март, дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Рӯзона ҳарорати ҳаво +16 +18 дараҷаро ташкил дода, шамол аз самти шарқ мӯътадил мевазад. Фишори ҳаво дар доираи муқаррарӣ хоҳад буд. Ҷараёни геомагнитии начандон калон дар назар аст. Бегоҳ борони сахт меборад. Шабона ҳавои камабр ва борони шадид дар назар буда, ҳарорати ҳаво +12 +14 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Рӯзҳои 29-ум ва 30-юми март дар давоми шабонарӯз ҳавои камабр ва борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шабона ҳарорати ҳаво +12 +14 дараҷа, рӯзона +20 +22 дараҷа буда, шамол аз самти шимол мӯътадил мевазад. Бино ба гуфтаи обуҳавошиносони тоҷик, рӯзҳои 31-уми март ва 1-уми апрел ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, раъду барқ ва тумани ғафс эҳтимол дорад. Шабона ҳаво +11 +13, рӯзона +19 +21 дараҷа гарм шуда, шамоли суст мевазад.
Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона +8 +12 дараҷа ва рӯзона +16 +18 дараҷа хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо шабона +8+12 дараҷа, рӯзона +16 +18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво дар водиҳо шабона +3+5 дараҷа ва рӯзона +11 +13 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар ғарби ВМКБ ҳаво шабона +2 +3 дараҷа ва рӯзона +9+13 дараҷа гарм, дар шарқи ВМКБ шабона +5 +7 дараҷа, рӯзона +8 +10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона +10 +12 дараҷа, рӯзона +19 +22 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад






