Озмуни беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ эълон шуд

Март 5, 2016 16:00

Амри

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, 05.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон:

  1. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шавад.
  2.  Ҳайати замимагардидаи Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ тасдиқ карда шавад.
  3.  Раиси Кумитаи тадорукот қоидаҳои гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавиро тасдиқ намояд.
  1. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
  2. Муқаррар карда шавад, ки комиссияҳои маҳаллиро раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо санади худ таъсис дода, ба ҳайати онҳо кормандони сохторҳои дахлдори аъзои Комиссияи ҷумҳуриявиро шомил намуда, фаъолияти босамари онҳоро таъмин менамоянд.
  3. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад, ки дар якҷоягӣ бо иттифоқҳои рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон намунаи Шоҳҷоиза, нишони хотиравӣ, шаҳодатнома ва дипломро, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ба мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ тақдим мегарданд, омода намуда, барои мувофиқа ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

шаҳри Душанбе

«24» феврали соли 2016, №АП-681

 

Замим

Бо амри

                                                          Президенти ҶумҳурииТоҷикистон

                                                                 аз «24» феврали соли 2016, №АП-681

      тасдиқ шудааст

ҲАЙАТИ

Комиссияи мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссия

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муовини Раиси Комиссия

Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Комиссия

Сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби Комиссия

Аъзои Комиссия:

Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

 

ҚОИДАҲОИ

гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ

  1. Муқаррароти умумӣ

Қоидаҳои мазкур шартва тартиби гузаронидани мусобиқаи чумҳуриявиро бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимиятидавлатӣ,мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ муайян менамояд, ки дар он «Ғолиби ҷойи беҳтарини мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»маълум мегардад.

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣмақомоти марказии ҳокимиятидавлатӣ (тибқи рўйхати замимагардида), Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ғайр аз шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон), шаҳракҳо, деҳот, деҳаҳо, маҳаллаҳо, хонаҳо ва оилаҳо иштирок менамоянд.

Ҳадаф ва мақсади мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

  1. Ҳадафи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ амалӣ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, он дар ҳудуди кишвар бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳраку деҳот, деҳаҳо, маҳаллаҳо ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам,инчунин гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ, тарғиб ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ баргузор мегардад.
  2. Мақсади асосии мусобиқаи ҷумҳуриявӣбаланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ватандўстӣ, ободкорӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, муҳити зист ва ифтихор аз анъанаҳои миллӣ мебошад.

Комиссияимусобиқаи ҷумҳуриявӣ

  1. Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, комиссияҳои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳрак ва деҳот дар сатҳи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил мегардад, ки онро шахсони аввал роҳбарӣ намуда, ҳайати онро тасдиқ менамоянд.
  2. Комиссияи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ минбаъд — Комиссия), дар доираи Қоидаҳои мазкур фаъолият менамояд.
  3. Комиссия дар доираи салоҳияти худ дар асоси нишондиҳандаҳои ҳамин Қоидаҳо бо роҳи шиносоӣ, ҷамъ овардани мавод, тартиб додани саволномаҳо, баррасии нишондиҳандаҳо ва гузаронидани ҷаласаҳо амал мекунанд.
  4. Ҷаласаҳои Комиссия дар сурати иштироки на камтар аз 2/3 ҳиссаи аъзои он салоҳиятдор ҳисобидамешаванд. Қарорҳои Комиссия бо овоздиҳии аксарияти иштирокчиёни он қабул мегардад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози Раиси Комиссия ҳалкунанда мебошад. Протоколи ҷаласаи ҷамъбастии Комиссия аз тарафи Раис ва котиби он ба имзо расонида мешавад.

Ваколат ва вазифаҳои Комиссия

  1. Ваколати Комиссияи ҷумҳуриявӣ иборатанд аз:

— мувофиқа намудани шакл ва арзиши мукофотҳои ғолибони мусобиқа, ки аз ҷониби комиссияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақдим мегарданд;

— интихоб ва тасдиқ намудани намунаи Шоҳҷоиза, нишони хотиравӣ (вимпел), шаҳодатнома ва дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм;

— аз байни иштирокчиёни мусобиқа дар сатҳи ҷумҳуриявӣ муайян намудани оила ва хонаи намунавӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоятва мақомоти марказии ҳокимияти давлатии беҳтарин, ки ба Шоҳҷоиза ва ҷойҳои арзанда сазовор мебошанд;

— ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии фаъолияти комиссияҳои ҷумҳуриявии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

-баррасии ҳолатҳои баҳсӣ, муроҷиатҳои иштирокчиёни мусобиқа;

— марҳилаи сеюми мусобиқаро байни ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ташкил ва ҷамъбаст менамояд ва барои сатҳи мақомоти ҷумҳуриявӣ комиссияи салоҳиятдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, муқаррар намуда, хулосаҳои онро баррасӣ месозад.

  1. Комиссияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд:

— ташкил ва ҷамъбасти мусобиқаҳоро дар сатҳишаҳру ноҳия (барои вилоятҳо), шаҳрак,деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавиро таъмин намоянд;

— барои омодагӣ ва иштирок дар марҳилаи навбатӣ ба шаҳр, ноҳия, шаҳрак,деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ғолиб омадаанд, мусоидат намоянд;

— маълумот оид ба ҷамъбаст ва натиҷаҳои мусобиқа, рўйхати ғолибони марҳилаи якум ва дуюми мусобиқаро ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳоднамоянд.

Тартиби гузаронидани мусобиқа

  1. Мусобиқа дар асоси принсипҳоибаробарии ҳуқуқу имкониятҳо, ташаббускорӣ ва эҷоди озодона,нигоҳ доштани урфу андешаҳои миллӣ, тарғиби таъриху тамаддуни тоҷиконбаргузор мегардад.
  2. Мусобиқа дар асоси нишондиҳандаҳое, ки Қоидаҳои мазкур пешбинӣ намудааст, бо дарназардошти таҳлили натиҷаҳои дастовардҳои дар зарфи се соли охир бадастомада cypaт мегирад.

Нишондиҳандаҳо барои баргузории мусобиқа

  1. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани мақомоти марказии ҳокимиятидавлатиибеҳтарин:

— ҳолати иншоот, бино, сифати кабудизоркунӣ ва шинонидани гулу гулбуттаҳо дар гирду атрофи биноҳо ва омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ;

— сифати ороиши дохилӣ ва берунии бино, насби дастовардҳои соҳа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, мавҷудияти рамзҳои давлатӣ;

— самаранокии иҷрои нақшаву дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— интизоми меҳнат ва риояи қоидаҳои меҳнатӣ дар мақомоти давлатӣ;

— таъмини мақомоти давлатӣ бо таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ ва сифати истифодабарӣ аз онҳо (мавҷудияти сомонаи интернетӣ, почтаи электронӣ ва дизайну ороиши сомонаҳо ва сифати ҷойгиркунии мавод дар сомонаҳо);

— ҳамкорӣ ва робита бо ҷомеа, сифати қабули шаҳрвандон дар мақомоти давлатӣ.

  1. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани вилоят, шаҳр ва ноҳияи беҳтарин:

-вазъи иқтисодӣ бо дарназардошти: ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин бо озуқаи истеҳсоли дохилӣ ва содиротӣ, ташкили корхонаҳои нав ва фаъолияти мунтазами онҳо, шумораи ҷойҳои кории нави таъсисшуда, ҷорӣ кардани технологияи нави инноватсионӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ, иҷрои андоз;

-вазъи иҷтимоӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ (хона-интернат, маркази тавонбахшӣ, маркази будубоши рўзона, хонаи маъюбон ва куҳансолон, хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ), ҳаҷми хизматрасонии сарикасии иҷтимоӣ, пардохти нафақа, иҷрои музди маош;

— вазъи соҳаи тандурустӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои тиббӣ (беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ), дастрасӣ ба хизмати тибби оилавӣ, шумораи кормандони тиб, нишондиҳандаҳои таваллуд, фавт, ҷорикунии технологияи нави инноватсионии тиббӣ, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ, дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ;

-вазъи соҳаи маориф бо дарназардошти: фарогирии кўдакон ба муассисаҳои томактабӣ, шумораи муассисаҳои томактабӣ, миқдори муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ҳолат ва таъминоти онҳо бо китоб, мизу курсӣ, таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ, ташкили лагерҳои истироҳатию фароғатӣ, нарасидани кадрҳои педагогӣ;

— сохтмон бо дарназардошти: ба истифода додани манзили истиқоматӣ, ба истифода додани майдони  истеҳсолӣ ва хизматрасонии маишӣ, сохтани роҳҳои нав ва барқароршуда;

— вазъи соҳаи фарҳанг бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, клубҳо, кинотеатрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо, марказҳо, қасрҳо, боғҳои фарҳангӣ ва ҳолати нигоҳубин ва таъминоти онҳо бо маводи зарурӣ, ҳолати нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ;

— вазъи муҳити зист ва экология бо дарназардошти: тозагии кўчаву хиёбонҳо, вазъи роҳраву саракҳо, намуди хонаҳо, сафеду поккорӣ шудани биноҳои шахсӣ, хонаҳои истиқоматӣ, муассисаву корхонаҳои шахсӣ, давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва фоизи сабзиши онҳо;

— вазъи дастгирии ҷавонон: нақши онҳо дар чорабиниҳои оммавию варзишӣ, таъсиси стипендияи раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия, рушди сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, миқдори марказҳои ҷавонон, толорҳо ва майдонҳои варзишӣ ва ҳолати нигоҳубини онҳо, дастовардҳои назаррас.

  1. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани шаҳрак ва деҳоти беҳтарин:

— вазъи иқтисодӣ бо дарназардошти: сохтмони иншооти маишӣ, дастгирии соҳибкорӣ (ҷудо намудани замин, иншоот, сохтмони нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ), ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои ободкорӣ ва созандагӣ, иҷрои андоз;

— вазъи иҷтимоӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ (хона-интернат, маркази тавонбахшӣ, маркази будубоши рўзона, хонаи маъюбон ва куҳансолон, хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ), ҳолат ва сифати таъмири ҷорӣ ва таъминот ба маводи ғизоӣ ва маишӣ, пардохти нафақа, иҷрои музди маош;

— вазъи соҳаи тандурустӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои тиббӣ (беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ), дастрасӣ ба хизмати тибби оилавӣ, шумораи кормандони тиб, нишондиҳандаҳои таваллуд, фавт, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ (дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва истифодаи сарфакоронаи он, мавҷуд будан ва ҳолати ҳоҷатхона, ҳаммом, партовҷойҳо);

— вазъи соҳаи маориф бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои томактабӣ, фарогирии кўдакони синнусоли мутобиқ ба муассисаҳои томактабӣ, мавҷудияти дигар муассисаҳои таълимӣ, ҳолат ва таъминоти онҳо ба кадрҳо, таъмини онҳо ба мизу курсӣ, компютерҳо, дастовардҳои назаррас;

— вазъи соҳаи фарҳанг бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, миқдори клубҳо, кинотеатрҳо, китобхонаҳо, марказу боғҳои фарҳангӣ, ҳолати нигоҳубини онҳо, шумораи иштирокчиён дар чорабиниҳои фарҳангӣ, дастовардҳои назаррас, ҳолати нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ;

— муҳити зист ва экология бо дарназардошти: намуди хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои шахсӣ, тозагии кўчаву маҳалҳо, рангубор ва вазъи девору роҳравҳои хонаву муассисаҳои шахсӣ, давлатӣ ва ғайриҳукуматии шаҳру ноҳия, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва фоизи сабзиши онҳо;

— вазъи дастгирии ҷавонон: нақши онҳо дар чорабиниҳои оммавию варзишӣ, рушди сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, миқдори марказҳои ҷавонон, толорҳо ва майдонҳои варзишӣ ва ҳолати нигоҳубини онҳо, шумораи муассисаҳои варзишӣ, фарогирӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, дастовардҳои назаррас.

  1. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани деҳа ва ё маҳаллаи беҳтарин:

— вазъи иқтисодӣ бо дарназардошти: дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ барои ободкорӣ ва  созандагӣ, шумораи бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ;

— вазъи иҷтимоӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ (хона-интернат, маркази тавонбахшӣ, маркази будубоши рўзона, хонаи маъюбон ва куҳансолон, ҳолати хизматрасонии иҷтимоӣ);

— вазъи соҳаи тандурустӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои тиббӣ (беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ), дастрасӣ ба хизмати тибби оилавӣ, нишондиҳандаҳои таваллуд, фавт, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ, дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва истифодаи сарфакорона он, мавҷуд будан ва ҳолати ҳоҷатхона, ҳаммом, партовҷойҳо);

— вазъи соҳаи маориф бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои томактабӣ фарогирии кўдакони синнусоли мутобиқ ба муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои дигари таълимӣ, таъмини онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизот, шумораи мактабҳо, холати онҳо, дастовардҳои назаррас;

— вазъи соҳаи фарҳанг бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, бахусус клубҳо, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ, ҳолати нигоҳубини онҳо, шумораи иштирокчиён дар чорабиниҳои фарҳангӣ, дастовардҳои назаррас, ҳолати нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ;

— муҳити зист ва экология бо дарназардошти: намуди кўчаву роҳравҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои деҳот ва шаҳракҳо, ободонӣ ва ҳолати хонаву кўчаҳои деҳот ва шаҳракҳо, рангубор, сафед кардани бино ва хона, иншооти шахсӣ, давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ, ҳолати хонаҳои истиқоматӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва фоизи сабзиши онҳо;

— дастгирии ҷавонон ва духтарон: вазъи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, ҳолати марказҳои ҷавонон, майдонҳо ва толорҳои варзишӣ, рушди сайёҳӣ ва мавҷудияти инфрасохтори сайёҳӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои варзишӣ, фарогирӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, дастовардҳои назаррас.

  1. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани хонаи намунавӣ: симои меъмории ҳавлӣ ва хона, тозагӣ ва ободонӣ, истифодабарии замини наздиҳавлигӣ, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ (дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва истифодаи сарфакоронаи он, мавҷуд будан ва ҳолати ҳоҷатхона, ҳаммом, партовҷойҳо).
  2. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани оилаи намунавӣ: тарбияи намунавии аҳли хонавода, хониши хубу аълои фарзандон, маълумотнокӣ ва шуғли хонавода, иштироки фаъоли аҳли хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, мавқеи оила дар маҳал.

Гузаронидани мусобиқа дар байни хона ва оилаҳо, деҳа ё маҳалла ва шаҳраку деҳот дар се давр, шаҳру ноҳияҳо дар ду давр, вилоятҳо дар як давр муқаррар карда мешавад.

Мусобиқа дар давоми моҳҳои март-август дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор  гардида, дар 4 марҳила гузаронида мешавад:

— дар марҳилаи якум аз тамоми  хона ва оила, деҳа ё маҳалла, дар шаҳрак ва деҳот беҳтарини онҳо муайян шуда, ба марҳилаи дуюм (шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) роҳ меёбанд;

— марҳилаи дуюми мусобиқа дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Комиссияи шаҳрӣ ё ноҳиявии Мусобиқа дар сатҳи шаҳр ё ноҳия хона ва оила, деҳа, маҳалла, деҳоти беҳтаринро интихоб карда, ба марҳилаи сеюм (вилоятӣ) пешниҳод мекунад;

— марҳилаи сеюм дар сатҳи вилоятӣ мегузарад. Комиссияи  вилоятии мусобиқа аз байни иштирокчиёни мусобиқа хона ва оила, деҳа, маҳалла, шаҳрак, деҳот, шаҳр ва ноҳияи беҳтаринро интихоб менамояд;

— марҳилаи чорум, ҷамъбасти мусобиқа, дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад. Мусобиқаи муассиса ва идораҳои мақомоти ҳокимияти давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳамин давра ҷамъбаст мешавад.

  1. Аз байни шаҳру ноҳияҳо, ки дар мусобиқа иштирок менамоянд, як муассиса ё идораи мақомоти ҳокимияти давлатии сатҳи ҷумҳуриявии беҳтарин, як вилояти беҳтарин, як шаҳри беҳтарин ва як ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа ва ё маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ муайян мегардад.
  2. Муҳлати ҷамъбасти мусобиқа
  1. Марҳилаи якум аввали моҳи май ҷамъбаст ва охири ҳамин моҳ аз ҷониби комиссияҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ғолибон мукофотонида мешаванд.

Марҳилаи дуюм аввали моҳи июл ҷамъбаст ва охири ҳамин моҳ аз ҷониби комиссияҳои вилоятӣ ғолибон мукофотонида мешаванд.

  1. Ғолибони марҳилаи якум ва дуюм — хона ва оила намунавӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, шаҳру ноҳияи беҳтарин, ки ба марҳилаи сеюм дар сатҳи вилоят роҳ ёфтаанд, то даҳаи якуми моҳи август ҷамъбаст ва аз ҷониби комиссияи вилоятӣ мукофотонида мешаванд ва рўйхати ғолибонеро, ки ҷойҳои беҳтаринро тибқи ин Қоидаҳо соҳиб шудаанд, то 13-уми август ба комиссияи ҷумҳуриявӣ барои иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ирсол менамояд.
  2. Марҳилаи чорум, дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе то 20 августи соли равон ҷамъбаст мегардад. Дар ҳамин марҳила Комиссияи ҷумҳуриявӣ ғолибони хона ва оилаи намунавӣ, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят, мақомоти марказии ҳокимиятидавлатии беҳтаринро муайян менамояд ва қарори худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.
  3. Ба ғолибони ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мукофотҳо дар рўзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат супорида мешаванд.

Мукофотонидани ғолибон

  1. Барои ҷойи беҳтарин мақомоти марказии ҳокимиятидавлатӣ ва вилояти беҳтарин шаҳодатнома, Шоҳҷоиза бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи беҳтарини мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.
  2. Барои шаҳру ноҳияе, ки ҷойи беҳтаринро ишғол менамоянд, шаҳодатнома, нишони хотиравӣ (вимпел) бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи беҳтарини мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.
  3. Барои шаҳраку деҳоте, ки ҷойи беҳтаринро ишғол менамоянд, шаҳодатнома ва нишони хотиравӣ (вимпел) бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.
  4. Барои маҳалла ва ё деҳоте, ки ҷойи беҳтаринро ишғол менамоянд, шаҳодатнома ва нишони хотиравӣ (вимпел) бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи сеюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.
  5. Барои хонаи намунавӣ ва оилаи намунавие, ки ҷойи беҳтаринро ишғол менамоянд, шаҳодатнома бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи беҳтарини Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.
  6. Инчунин барои мақомоти марказии ҳокимиятидавлатӣ, шаҳру ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ ҷойҳои 1, 2 ва 3 пешбинӣ гардидаст, ки ба онҳо дипломи дараҷаи якум, дуюм ва сеюм бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи якуми (дуюми, сеюми) мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дода мешаванд.

Намуди Шоҳҷоиза, нишони хотиравӣ ва шаҳодатномаву дипломҳо

  1. Шоҳҷоиза бо навиштаҷоти “Ғолиби ҷойи беҳтарини мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон сохта шуда, бо зарҳал ҳаккокӣ мегардад.
  2. Нишони хотиравӣ (вимпел) аз матои бахмалӣ омода карда шуда, андозаи онро Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ тасдиқ менамояд.
  3. Намунаи шаҳодатнома ва дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюмро Комиссияи ҷумҳуриявӣ муқаррар менамояд.
  4. Шаҳодатномаҳо ва дипломҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуда, дар вазъияти тантанавӣ супорида мешаванд.

 

СУРАТҶАЛАСАИ №19

маҷлиси Кумитаи тадорукоти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ

 

«29»  феврали соли 2016    ш. Душанбе

 

Иштирок намуданд:

Азим Иброҳим — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,                    А. Раҳмонзода    — Ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди  иҷтимоӣ ва робита бо  ҷомеа, Р. Қосим – раиси Кумитаи рушди маҳал, Ҳ. Мирсайзод — муовини Вазири адлия,                У. Давлатзод- муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо,  Б. Одина- муовини Вазири маориф ва илм, З. Ёрова – муовини Вазири нақлиёт,     Н. Маҳмадуллоев- муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, А. Рузизода- муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав, Н. Ҷафаров- муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, И. Машраб-муовини Вазири фарҳанг, И. Қосимзода — Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, М. Муинӣ — муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,   О. Шарипова — муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист,                       З. Окимбекова — муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон,                 Ш. Шокирзода — муовини якуми Директори Агентии омор,                        Ф. Шарифзода — муовини Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Ф. Раҳимӣ — Президенти Академияи илмҳо,  И. Шарифзода – муовини Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

 

Рўзнома:

  1. Баррасӣ ва тасдиқи “Қоидаҳои гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ”
  2. Тақсимоти вазифаҳо миёни аъзои Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ
  3. Масъалаҳои ҷорӣ

Ҷаласаро Азим Иброҳим — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон   ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос намуда, доир ба “Қоидаҳои гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ” ва дигар масъалаҳое, ки аз ин санад бармеояд, изҳори назар намуд. Баъдан, Раиси Кумитаи тадорукот диққати ҳайати Комиссияро ба риояи Қоидаҳо ва иҷрои он ҷалб карда, дастур дод, ки аз рўи нишондиҳандаҳо меъёрҳои баҳодиҳиро тартиб дода, ба  раисони комиссияҳои мусобиқа дастрас карда шаванд.

А. Раҳмонзода — Ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди  иҷтимоӣ ва робита бо  ҷомеа ҳини суханронӣ қайд намуд, ки гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ин ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ мебошад. Дар тўли як моҳ 3 маҷлиси Комиссия гузаронида шуда, дар асоси пешниҳоди аъзои он “Қоидаҳои гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ” омода ва такмил дода шуд.

А. Раҳмонзода пешниҳодҳои аз ҷониби муовини Сарвазир гуфташударо дастгирӣ намуда, диққати ҳайати Комиссияро ҷиҳати ба  адолатона ва воқеъбинона ҳакамӣ намудани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷалб намуд.

Дар ҷаласа Р. Қосим, Ф. Раҳимӣ, Б. Одина ва И. Шарифзода фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Қарор карда шуд:

  1. Қоидаҳои гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ тасдиқ карда шавад.
  2. Барои гузаронидани мусобиқа байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи алоҳида таъсис дода шавад.
  3. Раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе рўйхати ҳайати комиссияи тасдиқшударо ҷиҳати гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ то 10 марти соли равон ба Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
  4. Аъзои Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ пешниҳодҳои худро оид ба меъёрҳои баҳодиҳӣ то 10 марти соли равон манзур гардонида, меъёри муайян намудани холҳо аз 1 то 5 муқаррар карда шавад.
  5. Кумитаи телевизион ва радио, АМИТ “Ховар” ва рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати васеъ тарғибу ташвиқ намудани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.
  6. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо иттифоқҳои дизайнерон ва рассомон лоиҳаи ангораи Шоҳҷоизаи мусобиқаи  ҷумҳуриявиро то 30 марти соли ҷорӣ омода намуда, барои тасдиқ ба Комисияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ пешниҳод намояд.
  7. Масъулони мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ метавонанд тавассути сомонаи АМИТ “Ховар” бо тамоми ҳуҷҷатҳо вобаста ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ шинос шаванд.
  8. Назорати иҷрои суратҷаласаи мазкур ба зиммаи Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал гузошта шавад.

 

Раиси Кумитаи тадорукот,

муовини Сарвазири

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       Азим Иброҳим

 

 

ТАҚСИМОТИ ВАЗИФАҲО

миёни аъзои Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ

 

Ному насаб Мансаб Вазифаҳо Минтақаи вобасташуда
1.  

 

 

Азим Иброҳим

 

 

 

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (и.в. Раиси Комиссия)

Роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ;

— тақсимоти вазифаҳо байни аъзои Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ;

— намояндагии Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои кории Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ.

2.  

 

Абдуҷаббор Раҳмонзода

 

 

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини Раиси Комиссия)

Ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои вазифаҳои аъзои Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ;

— таъмини Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо шароити муносиб барои баргузории ҷаласаҳо, мусоидат ба аъзои Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати иштироки онҳо дар ҷаласаҳои кории Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо.

 

 

 

Шаҳри Душанбе

3.  

 

Қосим Роҳбар

 Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини Раиси Комиссия) Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои мусобиқавӣ дар минтақаҳо ва мусоидат ба кори комиссияҳои  сатҳи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо.  

 

Вилояти Хатлон

4.  

 

 

 

 

 

 

Малоҳат Холиқзода

 

 

 

 

и.в., муовини Сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалли Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Котиби Комиссия)

Тайёр намудани маводи корӣ барои ҷаласаҳои навбатии  Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ;

— таҳия ва мувофиқа намудани нақшаи баргузории ҷаласаҳои Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ;

—  омодасозии протоколҳои ҷаласаҳо, таъмин намудани  иштироки  аъзои Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва дастрасии маводи зарурӣ ба онҳо;

— омода намудани ҷадвали гузаронидани чорабиниҳои Комиссияҳои мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (дар мувофиқа бо раисони мақомоти дахлдор) ва ҷамъбаст намудани мавод аз натиҷаи кори комиссияҳо.

 

 

 

 

 

 

 

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

5.  

 

Ҳусейн Мирсайзод

 

муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён, таҳлил ва арзёбии ҳолати риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда аз ҷониби иштирокчиёни мусобиқа;

— мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумоти соҳавӣ.

 

Вилояти Суғд

6.  

 

 

 

 

Умед Давлатзод

 

 

 

 

 

 

муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён;

— таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои вазъи иқтисодӣ, аз ҷумла: ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудан бо озуқаи истеҳсоли дохилӣ ва содиротӣ, ташкили корхонаҳои нав ва фаъолияти мунтазами онҳо;  дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ; — иҷрои андозу буҷет;

-мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумотӣ соҳавӣ.

 

 

 

Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон

7.  

 

 

 

 

Бозор Одина

 

 

 

 

муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён;

— таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла: фарогирии кўдакон ба муассисаҳои томактабӣ, шумораи муассисаҳои томактабӣ, миқдори мууассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ҳолат ва таъминоти онҳо бо китоб, мизу курсӣ, таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ, ташкили лагерҳои истироҳатию фароғатӣ, нарасидани кадрҳои педагогӣ;

— мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумоти соҳавӣ.

8.  

 

 

Нурулло Маҳмадуллоев

 

 

муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён;

— таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои соҳаи меҳнат, аз ҷумла: шумораи ҷойҳои кории нави таъсисшуда,  шумораи бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ;

-мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумоти соҳавӣ.

9.  

 

 

 

 

Акрам Рузизода

 

 

 

 

муовини Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён;

— омода намудани  намунаи Шоҳҷоиза, лоиҳаи Шаҳодатнома, диплом ва Нишони хотиравӣ (вимпел), ки ба баррасии Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегарданд;

— таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои соҳаи саноат, аз ҷумла: ҷорӣ кардани технологияи нави инноватсионӣ, ташкили корхонаҳои нав ва фаъолияти мунтазами онҳо.

— мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумоти соҳавӣ.

10.  

 

 

 

 

 

 

 

 

Наврўз Ҷафаров

 

 

 

 

 

 

 

муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён;

— таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла:                    1) шумораи муассисаҳои тиббӣ (беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ), дастрасӣ ба хизматрасонии тибби оилавӣ, шумораи кормандони тиб, нишондиҳандаҳои таваллуд, фавт, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ (дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва истифодаи сарфакоронаи он, мавҷуд будан ва ҳолати ҳоҷатхона, ҳаммом, партовҷойҳо); 2) шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ (хона-интернат, маркази тавонбахшӣ, маркази будубоши рўзона, хонаи маъюбон ва куҳансолон, хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ), ҳолат ва сифати таъмири ҷорӣ ва таъминот бо маводи ғизоӣ ва маишӣ;

-мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумоти соҳавӣ.

11.  

 

 

 

 

Ибодулло Машраб

 

 

 

 

муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён;

— таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои соҳаи фарҳанг, аз ҷумла:   шумораи муассиаҳои фарҳангиву таълимӣ; клубҳо, кинотеатрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо, марказҳо, қасрҳо, боғҳои фарҳангӣ ва ҳолати нигоҳубин ва таъминоти онҳо бо маводи зарурӣ, ҳолати нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ;

-мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумоти соҳавӣ.

12.  

 

 

Зулфия Ёрова

 

 

муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён;

— таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои зерин: ҳолати роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ; роҳҳои барқароргардида; ҷалби сармоя ба хоҷагии роҳ;

-мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумотӣ соҳавӣ.

13.  

 

Шодмон Шокирзода

 

муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён;

— мушаххас гардонидани маълумоти оморӣ, ки ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ворид мегарданд;

-мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумоти соҳавӣ.

14.  

 

Кароматулло Олимов

 

 

ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён;

— таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои рушди соҳаи илм, иҷтимоӣ, фарҳанг ва таърих;

— мусоидат ва ҳамкорӣ  намудан бо  комиссияҳои мусобиқаи ҷумҳуриявии сатҳи вилоят, шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти нуқтаи назари илмӣ.

15.  

 

 

 

Марҳабо Олимӣ

 

 

муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён;

— таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои муайян намудани меъёрҳои оилаи намунавӣ, аз ҷумла: тарбияи намунавии аҳли хонавода, хониши хубу аълои фарзандон, маълумотнокӣ ва шуғли хонавода, иштироки фаъоли аҳли хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, мавқеи оила дар маҳал;

— мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумоти соҳавӣ.

16.  

 

 

 

 

Зўҳро Окимбекова

 

 

 

муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён;

-таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои зерин: ба истифода додани манзили истиқоматӣ, ба истифода додани майдони  истеҳсолӣ ва хизматрасонии маишӣ, муайян намудани меъёрҳои  хонаи намунавӣ, истифодабарии замини наздиҳавлигӣ;

-мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумоти соҳавӣ.

17.  

 

 

 

 

Ойхон Шарипова

 

 

 

 

муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён;

— таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои соҳаи муҳити зист ва экология, аз ҷумла:  тозагии кўчаву хиёбонҳо, вазъи роҳраву саракҳо, намуди хонаҳо, сафеду поккорӣ шудани биноҳои шахсӣ, хонаҳои истиқоматӣ, муассисаву корхонаҳои шахсӣ, давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ, кабудизоркунӣ ороиши кўчаву хиёбонҳо, назди ҳавлиҳо бо гулҳои ороишӣ, ниҳолшинонӣ ва фоизи сабзиши онҳо;

-мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумоти соҳавӣ.

18.  

 

 

 

 

Мавсумахон Муинӣ

 

 

 

 

муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани пешниҳод оид ба механизми баҳодиҳии иштирокчиён;

-таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои зерин:  нақши ҷавонон дар чорабиниҳои оммавию варзишӣ, таъсиси стипендияи раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия, рушди сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, миқдори марказҳои ҷавонон, толорҳо ва майдонҳои варзишӣ ва ҳолати нигоҳубини онҳо,  вазъи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, фарогирӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, дастовардҳои назаррас;

-мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумоти соҳавӣ.

19.  

Назира Амирбекзода

муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тарғибу ташвиқи мақсад ва мароми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва инъикоси рафти мусобиқа дар шабакаҳои телевизион ва радио.
20.  

 

Файзулло Шарифзода

муовини Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусоидат ба Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти маълумоти соҳавӣ, аз ҷумла: шумораи нафақагирони фаъол ва ҳаҷми нафақаи миёна, риояи мўҳлати пардохти нафақаҳо.

 

21.  

Исмоил Шарифзода

и.в., муовини Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Мусоидат ба кори комиссияҳои мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо.

 

 

Март 5, 2016 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд