Пешво-ифтихори миллат

Март 11, 2016 07:56

Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Хизмати шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими  ҳокимияти  давлатӣ  ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ў  идораи кишварро ба даст гирифта, таҳдиди нобудии онро пешгирӣ намуд, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомўш кард ва сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор гардонид. Аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ташкил дода, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё сохт, ба сулҳу суботи миллӣ асос гузошт, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, асоси устувори бунёди ҷомеаи навро ба вуҷуд оварда, ислоҳоти конститутсиониро дар амал татбиқ кард.    Контитутсияи навро таҳия намуд, манбаи ҳуқуқиву сиёсиро барои имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузошт, ба истиқрори сулҳ ноил шуд, ки он таҷрибаи беназир ва падидае барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буд, ба эҳёи миллӣ ва ибтидои корҳои нави бузург асос гузошт, ба таври қатъӣ вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолиро беҳтар карда, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт.

Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни Наврўзи оламафрўз китоби  тозанашри «Пешво – ифтихори миллат» -ро ҳамчун армуғони идона зери назари академики Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, профессор Абдуҷаббор Раҳмонзода ба табъ расонид.

Ин китоб силсилаи мақолаҳоеро дар бар мегирад, ки фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омўзиш қарор дода, нақши воқеии ўро чун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ бозгў мекунад.

Аз ин рӯ, мо дар саҳифаҳои ин китоб аз дастовардҳои Тоҷикистон, ки имрўз хеле пешрафт кардааст, нақши бузурги Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сахттарин замон дар раъси ҷумҳурӣ қарор дошта,  онро ба суботу назму қонун овардааст ва ҳамаи ин пешрафтҳо аз бисёр ҷиҳат натиҷаи фаъолияти шабонарўзӣ ва хастанопазири ўст, мехоҳем сухан гўем.

Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон дар мақолаи «Пеши раҳи ту во бод» чунин ёдовар шудааст: «Ҳамзамон боиси шодмонии бениҳоят аст, ки кишварҳою созмонҳои зиёди муътабар низ ин ҷаҳду талошҳои милливу байналмилалӣ, саҳми барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо дар бунёди давлати пойдори демократӣ, балки дар таҳкими рукнҳои ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон қадр мекунанду ба ҷоизаҳои бонуфузи хеш сазовор медонанд. Аз  ҷумла, сазовори санад ва нишони унвони пурифтихори «Пешвои асри XXI», ҷоизаи яке аз бонуфузтарин ва сахтгиртарин созмонҳои ҷаҳонӣ – Ҷомеаи Аврупо гардидани Эмомалӣ Раҳмон далели бебаҳси як давлати воқеан демократӣ бунёд намудани Ҷаноби Олӣ, саҳми бузурги ў дар рушди демократияи воқеӣ ва исботи ҳодии роҳи раҳоии давлат ва Пешвои миллат будани ин шахсияти беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол аст».

Фарҳод Раҳимӣ,  академики Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навиштаи «Пешвои миллат-ифтихори миллат» мегўяд:  «Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи ў барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кўшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рўзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рўҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рўзгору некўаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад».

Абдураҳим Холиқзода, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор дар мақолаи «Бунёдгузори давлати миллӣ» овардааст, ки: «Инъикоси симои шахсе, ки мардуми беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кардааст, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот додааст, миллатро дар кўтоҳтарин замон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳондааст, тасвири корнамоии фарзанди миллат, ки ҷон дар кафи даст душманонро ба оғўш кашида, ҷинояткоронро авф карда, гурезаҳоро ба Ватан баргардонда, ба миллати мотамзада ваҳдат, субот, амният оварда, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор сохта, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуда, оби наҷотбахши озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони миллат муттаҳид карда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намудааст, кори саҳл нест, зеро инъикоси симо ва корномаи шахсе, ки халқи бедавлатро соҳиби давлат карда, ба халқи ноумед умед оварда, ба ҷойи кинаву адоват ваҳдату дўстиро ҳокими сарзамин намудааст, аз ҳар шахси эҷодкор диди васеи назариявӣ ва амалиро тақозо дорад».

Ҳусейн Мўсозода, номзади фанҳои филологӣ дар «Рисолати Президент ва эътимоди миллат» чунин менигорад:  «Як нуктаи муҳимро таъкид бояд кард, ки Президенти кишвар ва мардуми  сарбаланди тоҷик ҳамтақдир ҳастанд. Чеҳраи равшани Президент чеҳраи равшани миллат аст, сарбаландии Президент сарбаландии тамоми тоҷикони дунёст. Азбаски ормони Сарвари давлат аз ормони халқ сарчашма мегирад ва дарди миллат дарди Президенти мамлакат аст, пас тавъам будани ин ду мафҳумро ҳамагон бармало эҳсос мекунем».

Имрўзҳо мо дар остонаи  ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлати навини тоҷикон қарор дорем. Аз ин рў, вазифаи муҳимтарини имрўзаи олимон, воситаҳои ахбори умум, кормандони ҳокимиятҳои маҳаллӣ, давлат, мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ ва умуман кулли шаҳрвандон аз он иборат аст, ки ба мардуми Тоҷикистон моҳият ва хизматҳои барҷастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат ва Асосгузори давлати  навин  мушаххас  тавзеҳ  диҳанд.

Дар ин маҷмўа навиштаҳои пур аз муҳаббату     садоқати қаламкашони кишвар ҷамъ омадаанд.

“Медонем, ки чакидаҳои қалами мо дар баробари хидматҳои бесобиқа ва таърихии Сарвари давлат, Қаҳрамони барҳақи миллат кироӣ нестанд. Аммо умр дар пеш аст…”,-омадааст дар китоб.

Китоб бо заҳмати мураттиб Ҳабиб Сулаймонӣ ва муҳаррир Садриддин Ҳасанзода таҳия ва пешниҳод гаштааст. Масъулин кўшиш кардаанд, ки маҷмўа бо сифат ва муҳтавои баланд пешниҳоди хонандагони сершумор гардад.

Мутмаин ҳастем, ки китоб ба насли ҷавон дар дарки бештару амиқи самараи заҳмату хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар эҳё ва бунёди давлатдории навини соҳибистиқлоламон ва расидан ба қуллаҳои баланди мақсуд  ҳидоятгару мададгор хоҳад шуд.

Март 11, 2016 07:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ТЕАТР ВА ТАМОШОБИН. Мавсими нави театрӣ то нимаи соли 2025 идома меёбад
«ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРМАНДӢ». Истаравшан ба ин унвони байналмилалӣ сазовор гашт
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегардад
НОБИҒАЕ ДАР ОЛАМИ МАЪРИФАТ. Ҷалолиддини Балхӣ шуҳрати фарҳангу адаби тоҷикро беназиру оламгир гардонидааст
Дар Кирмоншоҳи Эрон нахустин ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ МАВЛОНО. Ҷалолиддини Балхӣ парвардаи обу хоки Хуросону Мовароуннаҳр буда, ашъораш саршор аз забони тоҷикӣ аст
1 октябр дар Истаравшан Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ оғоз мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Намоишгоҳи 12-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми наверо бо номи «Ширин» пешкаши тамошобинон мегардонад
Дар Панҷакент сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ оғоз шуд
ФУРӮШИ КИТОБҲОИ БЕЗАВОЛИ МАВЛОНО ЯКЕ АЗ ДУ ҶОЙИ АВВАЛРО ДАР ҶАҲОН ИШҒОЛ МЕКУНАД. Ин нобиғаи сухан мояи ифтихори мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид