Пешвои миллат: “Ҷашни Наврӯз наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстиро қавитар мегардонад”

Март 20, 2016 10:14

Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ “Ховар”). – “Ҷашни Наврӯз, дар ҳақиқат, як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад”, — гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат, ки 20 март дар Кохи Борбади пойтахт баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки доир ба ҳамин хусусияти мардумӣ доштани Наврӯз яке аз шарқшиносони маъруф Артур Кристенсен, ки таърихи даврони Сосониёнро таҳқиқ кардааст, менависад, ки “дар байни идҳо он, ки бештар мавриди қабули ом аст, Наврӯз мебошад”.

Маврид ба зикр аст, ки Наврӯз, воқеан, бо ҷанбаи фарҳангиву мардумии худ миёни хосу ом маҳбубият пайдо кардааст. Ин хусусияти Наврӯзро устод Айнӣ таъкид карда, менависад: — “Иди Наврӯз, ки чун сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин, халқи тоҷик, дар ҳолате, ки иди рамазон ва иди қурбонро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод. Бо сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо ва мавҷудоти зинда рост омадани ин иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад, тоҷикон “ҳамал – ҳама чиз дар амал” мегӯянд”.

Март 20, 2016 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд