Пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон
Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар варзишгоҳи “Хистеварз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби то 16 -солаи Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор шуд. Футболбозони мо дар ин вохӯрӣ бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба карданд. Голҳоро Фаридун Неъматов ва Тоҳир Малодӯстов, ки узви дастаи КМВА “Помир” мебошанд, ба ҳадаф расониданд. Муаллифи ягона голи ҷавобӣ Денис Красноперов аз дастаи меҳмонон гардид. Дар назар аст, ки бозии дуввуми ин дастаҳо рӯзи 18 март дар ҳамин варзишгоҳ баргузор шавад. Дастаи мунтахаби мо бо чунин ҳайат ба майдон омад:
Рустам Давлатов, Султоншо Мирзоев, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров, Ҳусейн Нурматов, Фаридун Неъматов, Шервонӣ Мабатшоев (Саидмухтор Азимов, 55), Далер Ёдгоров, Рамз Амрохонов, Тоҳир Малодӯстов ва Мубинҷон Мӯминов (Комрон Алиев, 52).








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






