Сайидзода Маҳмадсаид: Занон иштирокдори намунавӣ дар роҳҳо ҳисоб мешаванд
Душанбе, 7.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Баргузор намудани озмуни «Авто-Бону-2016» дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Инак соли дуюм аст, ки дар арафаи Рӯзи Модар бо ибтикори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар якҷоягӣ бо рӯзномаи «Вечёрка» бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани малакаи касбии занони ронанда ва таблиғи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ озмуни «Авто-Бону» баргузор мегардад. Тавре ки аз номаш маълум аст, дар озмун танҳо занону духтарон имконияти иштирок карданро доранд.
5-уми марти соли равон дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А. Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе озмуни навбатии «Авто-Бону-2016» баргузор гардид. Дар чорабинӣ наздики 40 зани касбу кори гуногун, ки солҳо ронандагӣ кардаанд, аз тамоми ҷумҳурӣ ба истиснои вилояти Бадахшон, инчунин бонувон аз пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Тавре ки Сайидзода Маҳмадсаид, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД зикр намуд, озмун бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳолии кишвар ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва баланд бардоштани малакаи касбии занони ронанда гузаронида мешавад. «Аз таҳлилҳои садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар роҳҳо бармеояд, ки ҳарчанд шумораи занони ронанда нисбат ба мардон дар роҳ кам бошад ҳам, вале занон иштирокдори намунавӣ дар роҳ ба ҳисоб мераванд»,-илова намуд Сайидзода Маҳмадсаид.
Шартҳои озмун аз чор давр-санҷидани ҳолати техникии воситаи нақлиёт, ороиши воситаи нақлиёт, донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ иборат буд. Занону духтарони таҷрибадор маҳорати ронандагии худро дар ҳузури ҳакамон нишон доданд.
Иштирокдорон-занҳои ронанда мошинҳои худро бо гулдӯзӣ, нақшу нигори гуногуни зебои баҳори хуҷастапай ва Иди Наврӯз оро дода буданд.
Холбӣ Бобоева, иштирокдори озмун, ки аз соли 1990 инҷониб мошин меронад, бо истифода аз матоъҳои миллӣ мошини худро бисёр зебо ва диққатҷалбкунанда оро додааст. Ӯ дар болои мошин акси модарро бо бардоштани дасти дуо мондааст, ки ин аз эҳтироми зиёд ба модарон шаҳодат медиҳад ва мегӯяд, ки бигузор дуои модарон ҳамеша ҳамсафари мо бошад.
Мақсади иштирок дар озмун ба даст овардани ғолибият нест,-мегӯяд иштирокдори дигари озмун Бону Назарова аз шаҳри Роғун. «Вақте зан сари чамбарак мешинад, нақлиётро боэҳтиёт меронад. Ҳамеша фикр мекунад, ки дар хона ӯро фарзандон интизоранд. Аз ҳамаи ронандагон хоҳиш мекунам, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд»-, мегӯяд Бону Назарова.
Баъди иҷро кардани талаботи озмун ғолибони «Авто-Бону-2016» муайян гардиданд.
Хуршеда Авазматова бо гирифтани ҷойи аввал соҳиби мукофоти пулӣ ба маблағи 3000 сомонӣ гардид.
Ҷойи дуввумро Сурайё Салмонова сазовор ва соҳиби 2500 сомонӣ гардид. Ҷойи сеюм насиби иштирокдор аз пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия Юлия Александрова шуда, ӯ соҳиби маблағи 2000 сомонӣ шуд.
Аз рӯи ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобинон иштирокдор таҳти рақами 12 Парвина Зайдуллоева ғолиб омада, мукофоти пулиро соҳиб гашт.
Сарпарастони озмуни«Авто-Бону-2016» ширкатҳои «Фароз», «Умед-88», ҶДММ «Бозори автомобилҳо» ва ҶДММ «Султони Кабир» буданд.











Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид






