Санавбар Азизова: Зан-ягона мавҷудест, ки инсон меофарад

Март 9, 2016 09:40

Душанбе, 9.03.2016 (АМИТ «Ховар»). —   Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад.

Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.

Занону модарони тоҷик бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.

Бахшида ба Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони касбу кори гуногун бо панҷ савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.

Ҳамсуҳбати имрӯзаи мо сартабиби таваллудхонаи вилояти Суғд  Санавбар Азизова мебошад.

“Ховар”: Сиришти занону модарони рўи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?

С.Азизова:  Зан- модар гаронбаҳотарин дороии ҳар миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: Ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад. Ин суханҳо иқтибос аз гуфтори олим Алан Кэй буда, барҳақ оид ба васфи зан-модар эҷод шудаанд. Оре, зан- модар худ таҷассумгари зебоиву муҳаббат ва некиву ғамхорӣ ба ҳисоб меравад.  Ҳол он, ки ҳеҷ атргуле ранг ва зебоии модарро надорад ва ҳамчунин қалби модар ба андозае фарох аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштро дар он ёбед, зеро зан ғайр аз ҳамсар ва ҳоҳар будан дар худ вазифаи масъулеро дорад, ки ин модар будан ва тифл ба дунё овардан аст. Модар бо насими файзи рўзгораш боғи маърифати кӯдаки худро аз олами навниҳолони фарҳангдўсту адабпарвар бою ғанӣ гардонида, фарзандони солим, нури дидагони солеҳ ва ояндагони хуштолеъро дар ҷамъияти мо ба воя мерасонад.

Дар замони муосир, рисолати зан-модар дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ хеле калон аст.

Аз ин лиҳоз, модаронро  метавон меҳрафзо ва машъали тобон, бунувонро хонахудои дудмон, занонро идоматбахши наслу авлод ва духтаронро зи ҷон маҳбубтари ҳар як хонадон гуфт.

Зани тоҷик аз азал зани меҳнатдӯст ва коргар буда, дар баробари мард барои ободии диёр ва оилаи  худ баробар дар тамоми соҳаҳо ҷаҳд дорад.   Зани тоҷик, бешубҳа, бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқати худ воқеан  азизтарин нигини тоҷи миллати точикон  мебошад.

“Ховар”: Оё мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияти фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек, нигоҳдории оила мусоидат мекунад?

С. Азизова:      Албатта.  Тавре  ки олими бузург Ҷорҷ Ҳерберт гуфтааст, як модари хуб ба сад устод ва омўзгор меарзад.  Барҳақ ягон шахс дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ дарёфт намояд. Дар ҳама давру замон зан ду рисолат дошт- яке пойдории оила  ва дигаре тарбияи фарзанд. Модар, ки худ чароғи хонавода ба ҳисоб меравад, барои тарбияи фарзанд масъул аст ва маҳз танҳо бо меҳру муҳаббат, сухани нарму беолоиш ва пиндори шоистаи ӯ фарзанд тарбия намуда,  дуруст ба камол расида, обрӯи оиларо дар миёни аҳли ҷомеа ва берун аз он метавонад баланд бардорад. Хосатан духтарон тамоми фазилатҳои зиндагӣ, аз ҷумла ҳаёву одоб, тарзи рӯзгордорӣ, ҳунари пухтупаз ва дигар заруратҳои ҳаётиро аз модари худ ёд мегиранд. Инчунин ҳурмату эҳтиром намудани шавҳар ба сифати сарвари оила ва ҳамчун сутуни хонадон нигоҳубину эҳтиёт кардани ӯро ба духтари худ танҳо модар меомӯзонад.

Чун табиб бо бовар гуфта метавонам, ки танҳо зани хушбахт метавонад тифли солим ба дунё оварда, шахси комилро тарбия намояд. Модар ба кўдак эҳсоси бехатарӣ, ҳимоя, эътимоднокӣ ва  муҳаббат ба муҳити атрофро  бахшида, на танҳо ғизои табиӣ, балки ғизои маънавӣ медиҳад.  Мутаассифона, имрӯз на ҳамаи занҳои мо дар муҳити муҳаббат ва ғамхорӣ зиндагӣ мекунанд. Зўроварӣ дар оила, талоқ, маҳдудкунӣ аз рўи ҷинс, камбизоатӣ, бекорӣ, издивоҷи бармаҳал, маълумоти нопурра  — ин рўйхати нопурраи он омилҳое мебошад, ки метавонанд занро аз мувозинат бароварда, ба ў осебҳои рўҳии ҷиддӣ расонанд, ки баъдан он ба кўдакон низ таъсир мекунад.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон дар ҷумҳуриамон тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқи зан аз ҷониби давлат ҳимоя мегардад, зеро маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дўстиву рафоқат ва ваҳдати миллиро мекорад, то оянда насли навраси мо масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсонпарвар ба воя расад.

“Ховар”: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ?

С.Азизова: Албатта, дар замони истиқлолият, зеро дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ  занону модарон, бахусус  бошандагони Осиёи Миёна ҳаёти  ниҳоят вазнин  доштанд. Он давраҳо онҳо на ҳуқуқ ба таҳсил доштанду на ба кор. Маҳз истиқлолияти давлатӣ имкон дод, то дар кишварамон барои таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа, ҳамаи имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шаванд ва занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи васеи сиёсат ворид гарданд.

Имрӯзҳо ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими нуктасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.

Барои баланд бардоштани ҳуқуқу манзалати зан дар ҷомеа, соҳибкасб гардидани ӯ  ва сиҳатии модару кӯдак Ҳукумати кишвар имрӯзҳо тамоми кўшишҳоро ба харҷ дода истодааст, то дар оянда низ барои занону модарон шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварда, зиндагии шоистаи онҳоро таъмин намояд. Мисоли ин гуфтаҳо, сол аз сол афзоиш ёфтани маблағгузорӣ барои сохтмони иншооти тандурусти ва таҷҳизонидани он бо асбобҳои тиббии муосир мебошад.

“Ховар”: Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқ миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?

С.Азизова: Дар ҳар давру замон донишандӯзӣ яке аз муҳимтарин фазилати инсонӣ ба ҳисоб рафта, он бештар ба рушду камоли маънавии ҳар як шахс мусоидат мекунад. Албатта, зани дорои илму савод назар ба нахонда дар ҷамъият шахси маълумотнок ба ҳисоб рафта, барои зиндагии созандаи худ бештар шароити мусоид муҳайё карда метавонад. Хосатан дар замони ҳозира – замони тараққиёти илму техника барои нигоҳубини тифли худ  модар бояд таҳсилдида бошад, зеро маҳз дар домони поки модар фарзанд чун инсони комил ба камол мерасад, зеро бо афзудани ҷаҳонбинӣ маънавиёти зан низ баландтар мешавад. Барои огаҳӣ ёфтан аз табобатҳову муоинаҳои тиббӣ ва истеъмоли дорувориҳои гуногун ва ҳамзамон истифодаи маслиҳати табибон барои нигоҳубини кӯдак дониш зарур аст.

Аз ин лиҳоз, зани коргару маълумотнок  ҳамарўза бо дарки масъулияти беш мекӯшад, то ҷаҳонбиниаш боз ҳам васеътар шавад,

“Ховар”: Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардед?

С.Азизова: Ҳамарўза аз зан буданам ифтихор мекунам, зеро ман зан-модар, соҳиби оилаву фарзандони солеҳ ҳастам ва чун дигар модарон хушҳол аз фазои ороми кишвар ба ояндаи дурахшони фарзандон умед дорам. Камоли ҳар зан   дар модар шудан аст.

“Ховар”: Мегӯянд, ки фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо  чӣ тавр таъмин мекунед?

С.Азизова:  Оила худ ниҳоди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Хосатан зан, ки чароғи хонадон ба ҳисоб меравад, мекӯшад, то дар хонадонаш доимо  фазои орому созанда, ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми тарафайн ҳукмфармо бошад. Аз ҷумла, муҳаббат ба зиндагӣ ва ба аъзои дигари оила метавонад ин фазоро боз ҳам қавитару созанда гардонад. Шахсан барои ман истироҳати аз ҳама беҳтарин- ин дар оила бо аҳли наздиконам будан ва бо пухтупази хӯрокҳои дӯстдоштаи онон машғул шудан аст.

“Ховар”: Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик?

С.Азизова: Ба ҳамаи бонувони  тоҷик  тандурустиву  саодати хонаводагӣ, қалби пур аз муҳаббату зебоии ҷовидона, сарбаландиву некномӣ  таманно дошта, гуфтаниям, ки бигзор Рӯзи Модар ба ҳар пиру барнои диёр, занону модарони азиз ва духтарони меҳрубони мо хушрӯзиву саодатмандӣ насиб гардонад. Бигзор ҳар як зани тоҷик доимо хушбахту хуштолеъ ва соҳиби хонаи ободу фарзандони солеҳ бошад.

Рӯзи модар ва иди баҳор ба ҳар яки шумо ва аҳли хонадонатон модарон ва хоҳарони азиз муборак бошад.

Таҳияи  Абдуаҳад Дадобоев, АМИТ “Ховар”, Суғд

Март 9, 2016 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ин маъракаи сиёсӣ имкони мусоид барои санҷиши масъулиятшиносии ҷавонон аст
ТОҶИКОН ҶАҲОНРО ТАСХИР МЕНАМОЯНД! Барномаи «Дурахшандагон» ба ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон кумак мерасонад
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд