Ш. Комилзода: Тағйиру илова ба Конститутсия- зарурати воқеӣ ва таърихии даврони нави давлатдорӣ
Душанбе, 04.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- «Рушди ҷомеаи нав тақозо намуд, ки дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироту иловаҳо ворид шаванд. Аз ин рӯ аз ҷониби Парлумони кишвар пешниҳод шудани як зумра тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ мебошанд, зеро дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа таҳаввулоти нав ба вуқуъ пайвастанд. Он таҳаввулоту пешравиҳое, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва илму фарҳанги Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастанд, тақозо намуданд, ки дар сохтори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд»,- гуфт Шариф Комилзода, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни баргузории мизи гирд.
Ҳамчунин ба андешаи номбурда тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати воқеӣ ва таърихии даврони нави давлатдории Тоҷикистон маҳсуб шуда, барои рушди бештари Тоҷикистон тамоми шароитро муҳайё месозад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






