Ш. Солиев: Ҳамоиши Наврӯз фурсати хубест барои ошно гардидани аҳли адабу ҳунар бо осору эҷодиёти ҳамдигар
Душанбе, 11. 03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Бо гузашти солҳо ҷашни зебои Наврӯз бо расму оинҳои худ шукӯҳу шаҳомати хосcаеро касб намуда истодааст. Наврӯз чун як марҳилаи бозтобию бозсозии табиату инсон аз замони офариниш буду ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Ҳамакнун ин ҷашни миллии тоҷиконро дар тамоми дунё таҷлил менамоянд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имсол дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯз ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон доир мегардад. Ба ифтихори ин ҳамоиши байналмилалӣ ва барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабинии фарҳангӣ шурӯъ аз нахустин рӯзҳои баҳорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони кишвар маҳфилҳои шеъру адаб бо иштироки шоирони шинохтаи тоҷик баргузор шуда истодаанд. Дар бастагӣ ба таърихи ҷашни Наврӯз ва баргузории Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон суҳбате доштем бо сардори маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Шамсиддин Солиев, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем:
Ховар: Устод, қаблан шуморо бо фарорасии иди баҳори хуҷастапай табрик мегӯям. Мехостам дар оғоз роҷеъ ба ҷашни Наврўз ва ҷойгоҳи он дар таърихи мардуми ориёинажод чанд сухане барои хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» баён медоштед.
Ш. Солиев: Ташаккури зиёд. Воқен ҳам Наврўз ин иди баҳор, оғози соли нав, оғози сабзидан, шукуфоӣ ва рўидан аст. Бо омадани Наврўз фасли баҳор шурўъ мешавад, кулли мавҷудоти табиат аз нав зинда мешавад, ҷон медарорад ва ба сабзидан сар мекунад.
Дар бораи пайдоиши Наврўз дар матнҳои куҳани таърихӣ ва илмию адабӣ маълумот ва ривоёти мухталифе зикр мешаванд, ки бештари онҳо зуҳури ин ҷашни аҷдодиро ба Ҷамшед, ки яке аз подшоҳони пешдодӣ ва шахсияти машҳури давраи ҳиндуэронист, нисбат медиҳанд. Ин маълумот дар осори давраи исломӣ, дар луғатномаю таърихномаҳо ва осори адабӣ зикр шудааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома» Ҳаким Фирдавсии Тўсӣ манзараи ба тахт нишастани Ҷамшедро тасвир намуда, таъкид менамояд:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рўзро рўзи нав хонданд,
Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Аз тарафи дигар, аксари ақвоми дунё дар қадим оғози солро бо маросими гуногуне таҷлил мекарданд. Аз ҷумла, гузаштагони ақвоми ориёӣ дар оғози соли нав маросими бошукўҳеро доир менамуданд, ки он ба саршавии баҳор рост меомад. Дар луғатномаҳои форсии тоҷикӣ, аз ҷумла дар «Бурҳони қотеъ» ривояти пайдоиши Наврўз оварда мешавад ва муаллиф таъкид менамояд, ки Худо дар ҳамин рўз ҷаҳонро офарид. Ба ривояти дигар Одам низ дар ҳамин рўз офарида шуд. Дар китобҳои динӣ ва матнҳои мазҳабии ақвоми гуногун дар бораи пайдоиши Наврўз ишораҳои ҷолибе вуҷуд доранд. Аз ҷумла, дар Таврот рўзи аввали офаринишро ба пайдоиши рўшноӣ, ки шабу рўзро аз ҳам ҷудо мекунад, алоқаманд менамоянд. Тибқи маълумоти ин сарчашмаҳо Худованд дар тўли шаш рўз осмону замин ва мавҷудоти онро офарид ва ҷаҳонро муназзам сохт. Ин иттилоъ дар сарчашмаҳои таърихии давраи исломӣ ҳам зикр гардидаанд.
Ховар: Дар бораи вижагиҳои ҷашнгирии Наврӯз дар мантақаҳои мухталифи кишвар чанд сухан мегуфтед…
Ш. Солиев: Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии меросбари фарҳанги Наврўз мебошад, зеро мардуми мо аз қадим, сарфи назар аз низомҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ соли навро ҷашн мегирифт. Суннатҳои наврўзиро мардум ҳангоми фаро расидани баҳор иҷро мекарданд ва сабаби мондагории бисёре аз ин анъанаҳо дар байни мардуми тоҷик низ ҳамин аст. Имрўз ҳам дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон бисёре аз суннатҳои наврўзӣ ҳангоми омадани баҳор иҷро мешаванд, ки муҳимтарини онҳо чоршанбесурӣ, оташафрўзӣ, гулгардонӣ, хонатаконӣ, суманакпазӣ ва ғайра мебошанд. Тибқи анъана, мардуми тоҷик омадани Наврўзро бо тоза кардани хонаю манзил ва ҳавлию кўчаи худ пешвоз мегиранд. Дар деҳаҳои кишвари мо бачаҳо маросими гулгардониро иҷро мекунанд. Имрўз ҳам дар бисёре аз деҳаҳои Бадахшон, Хатлон, Зарафшон, ки манотиқи кўҳистон ҳастанд, бачаҳо гулҳои наврустаи сияҳгўш, бунафша, зардгул, бойчечак ва ғайраро аз хона ба хона бурда, ба мардум аз омадани Наврўз ва баҳор мужда мерасонанд. Ин маросим суруде ҳам дорад бо номҳои «Гули сияҳгўш» ва ё «Бойчечак», ки он дар маросими гулгардонӣ аз тарафи бачаҳо иҷро мегардад. Мисли ҳамин, маросими чоршанбесурӣ ҳам дар рўзи чаҳоршанбеи охири ҳар сол таҷлил мешавад. Вале ҳамаи ин маросим дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо вижагиҳои хоси ҳамаи маҳал таҷлил мешавад.
Ховар: Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамонро дар ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Ш. Солиев: Мову шумо хуб медонем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо эҳёи суннатҳои миллиро як рукни асосии сиёсати фарҳангии давлат қарор дод ва онро муҳимтарин омили инкишофи худшиносию худогоҳии миллӣ медонад. Бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат дар кишвари мо Наврўз ҳамчун ҷашни аҷдодӣ, иди баҳору киштукор дубора эҳё гардид. Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат сол аз сол шукўҳу ҷалоли таҷлили Наврўзи оламафрўз дар кишвари мо меафзояд. Бо ташаббуси Сарвари давлати тоҷикон ин ҷашни миллии мо мақоми ҷаҳонӣ ва ҷанбаи байналмилалӣ касб намуд. Он аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун мероси маънавию фарҳангии башарӣ эътироф шуд ва ба ин восита моҳияти башардўстона ва инсонпарваронаи Наврўз дастраси кулли сокинони сайёра гардид.
Ховар: Тавре ки огоҳ ҳастед, дар Тоҷикистон Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврўз баргузор мегардад. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии фарҳангӣ нақшаву чорабиниҳо аз ҷониби масъулини Китобхонаи миллии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардидаанд?
Ш. Солиев: Дарвоқеъ, ин боиси ифтихору сарфарозии мост, ки Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни фархундаи Наврӯз мизбони як чорабинии сатҳи байналмилалӣ мегардад ва ба тантанаҳои Наврӯзи оламафрӯз шукӯҳи дигар мебахшад. Ин ҳам як иқдоми хуби Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки он шаҳомати ҷаҳонии Наврўзро меафзояд. Ба хотири дар сатҳи баланд доир намудани ҳамоиши мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон омодагии махсус гирифта шудааст, зеро нишастҳои асосии илмию адабии ин ҳамоиш дар китобхона баргузор мегарданд. Масъулини Китобхонаи миллӣ бо Кумитаи тадорукоти ҳамоиш ва мақомоти дахлдори кишвар барномаи баргузории он, нақшаи чорабиниҳоро таҳлил намуданд, ки амалӣ сохтани онҳо барномаи асосии Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврўзро рангин месозад. Дар рўзҳои доир гардидани ин ҳамоиш меҳмонон аз Осорхонаи китоб, намоишгоҳҳои китобхона, Осорхонаи забони тоҷикӣ, намоиши китоби марбути ҷашни Наврўз дидан мекунанд. Ғайр аз ин дар китобхона дар доираи барномаи ҳамоиши мазкур маҳфилу нишастҳои адабию ҳунарӣ баргузор мегардад.
Ховар: Аз нигоҳи Шумо баргузории ин ҳамоиши байналмиллалӣ чӣ таъсире дар ҳамкории фарҳангӣ ва эҷодии адибон дошта метавонад?
Ш. Солиев: Ин фурсати хубест барои ошно гардидани аҳли адабу ҳунари кишварҳои ҳавзаи Наврўз бо осору эҷодиёти ҳамдигар. Дар доираи чорабиниҳои ҳамоиши мазкур бояд барномарезиҳо ва самтҳои ояндаи ҳамкории адабию фарҳангӣ ва илмӣ муайян шаванд. Ба назари ман, ин ташаббуси Тоҷикистон аз тарафи намояндагони кишварҳои дигари ҳавзаи Наврўз дастгирӣ меёбад ва он ҳам мисли Наврўзи ҷаҳонӣ ҳамасола дар яке аз ин кишварҳо доир мешавад. Ин иқдомҳо, ки ташаббускори аксари онҳо дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон аст, мазмуну моҳият ва русуми наврўзиро ғановат мебахшанд. Ба ин ҷашни куҳани аҷдодӣ мазмуну маънии муосиру замонавӣ медиҳанд.
Ховар: Тавре ки маълум аст, дар замони имрўз ҳизбу ҳаракатҳои ифротие арзи ҳастӣ кардаанд, ки барои нобуд кардани фарҳангу тамаддунҳо мубориза мебаранд. Ҳамоише, ки дар Тоҷикистон бо иштироки кишварҳои ҳавзаи Наврўз баргузор мегардад, то куҷо метавонад садди роҳи чунин амалҳо гардад ва дар зеҳну шуури мардум, хусусан ҷавонон худшиносию худогоҳии миллиро бедор созад?
Ш. Солиев: Чунонки ишора кардем, Наврўз моҳияти инсонию башардӯстӣ дорад ва иллати мондагории онро низ муҳаққиқон ба ин ҷиҳатҳояш алоқаманд мекунанд. Фалсафаи Наврўз, ки поя бар ғалабаи зиндагӣ бар марг, рўшноӣ бар зулмот, баҳор бар хазон дорад, муқобили ҳар гуна амалҳо ва иқдомҳои харобиовару зиддиинсонист. Ҳизбу ҳаракатҳое, ки ишора намудед, бо амалҳои ифротгароёнаи худ оромию осудагиро халалдор мекунанд.
Нуқтаи марказӣ дар ҷаҳоншиносии Наврўз ин эътидол аст, эътидоли шабу рўз, эътидоли сол, эътидоли табиат ва кайҳон. Фарҳанги Наврўз инсонҳоро барои созандагию бунёдкорӣ, ободонию сабзонидан ва хушбахтию хурсандӣ ҳидоят менамояд. Аз ин рў ҳамаи халқҳои меросбари фарҳанги Наврўз метавонанд аз суннатҳои волои он барои барқарории сулҳу суботи кишварҳо, ободию шукуфоии ватан ва гирифтани пеши роҳи хатарҳои мафкуравию маънавии ҷаҳони муосир истифода намоянд.
Ховар: Устод барои чунин як суҳбати хеле ҳам ҷолибу самимӣ изҳори сипос мекунем ва дар интиҳои суҳбат агар сухани дигаре доред, марҳамат.
Ш. Солиев: Ташаккури зиёд. Ман аз фурсати дастрас истифода намуда, тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла хонандагони сомонаи расмии Тоҷикистон «Ховар»-ро бо ҷашнҳои баҳорӣ табрик намуда, ба эшон тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам ва бигузор ҳамеша мардуми шарафманди тоҷик бо шарофати истиқлолият осуда бошанд.
Ҳар рӯзашон Наврӯз ва наврӯзашон фирӯз бошад.
Ховар: Ташаккури зиёд!
Таҳияи Абдураҳим Ҷабборов