Шарофзода Гавҳар: Модар нисбат ба падар бояд босаводтар бошад, зеро ӯ тарбиятгар аст
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2016/03/Kumitai-ZABON.jpg)
Душанбе, 4.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.
Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус барои дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.
Дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони касбу кори гуногун бо чанд савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.
Ба саволҳои мо раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, номзади илмҳои филологӣ Шарофзода Гавҳар посух мегӯяд:
Савол: Сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?
Ҷавоб:Зан–модари тоҷик сар то по фаришта аст. Тамоми покӣ, покдоманӣ, зебоиву хирадмандиро зани тоҷик, модари тоҷик ҳанӯз бо шири модар дар вуҷудаш, дар шарёнҳои хунаш, ки умри ҳазорсола доштаву он аз ниёгон ба мерос мондааст, дошту дорад.
Он амр аз ёри осмонии мо ба модари тоҷик ва умуман модарони рӯи олам омадааст, ки латофату назокат, муҳаббату самимият, садоқату вафо дар қалби модарон ганҷеро мемонад, ки он мудом сояафкан нафърасон ва покиза аст. Рисолати зан-модари тоҷик дар баробари таваллуди фарзанди солеҳ, тарбияи он ва соҳибмаълумот гардондан беҳтарин неъмати илоҳӣ аст. Модари тоҷик имрӯзҳо вазифадор аст, ки дар вуҷуди фарзанд ифтихор аз марзу бум доштанро тарбия намуда, худшиносии фарзандро аз нигоҳи таърихи гузашта ва имрӯзаи ин миллати баруманд бедор созад.
Савол: Оё мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва нигоҳдории оила мусоидат мекунад?
Ҷавоб:Агар мо ба гузаштаи нисбатан дури таърих назар афканем, дарк карда метавонем, ки модарон дар ҳама давру замон-чӣтохтутози Искандари Мақдунӣ бошад ё араб, хоҳ тохтутози турк бошад ва ё аз Чингизи хунхор, фарзандро дар рӯҳияи дӯстдоштани олитарин муқаддасоти инсонӣ: Ватан-модар ва забон даъват намудаанд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони миллати тоҷик дар майдонҳои набард барои ҳимояи марзу буми Ватани бобоӣ, шарафи модарону хоҳарон чӣ гуна ҷонбозиҳо кардаанд. Охир ҳамон Шераки Қаҳрамон, Рустаму Сиёвуш, Пурондухту Гурдофарид, Аноҳито, Томирис, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Ҳофизу Хайём, расули Худо Муҳаммад (с), Ленину Сталин ва Эмомалӣ Раҳмонро модар ба дунё оварда, тарбия кардааст, ки дар олам ҷойгоҳи хешро пайдо кардаанду имрӯз бо як муҳаббату самимият номашон вирди забони мардум аст.
Мақоми имрӯзаи зани тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳиссиёти наврасону ҷавонон ба роҳи нек, нигаҳдории оила, албатта, мусоидат мекунад, зеро зани имрӯзаи тоҷик нисбат ба сад солу ҳазор сол қабл аз ин мақоми арзандаеро дар ҷомеа соҳиб буда, нигоҳи созанда дорад. Муборизаҳои пай дар пайи озодихоҳонааш имрӯз модари тоҷикро дар ҷомеа хуб муаррифӣ карда метавонанд. Модари тоҷик мақоми хос ва арзандаеро дар ҷомеа пайдо кардааст.Имрӯз зан-модари тоҷик гӯшанишин набуда, паҳлу ба паҳлуи мардҳо дар мақомоти гуногуни давлат фаъолият дошта, барои ободии ин мулки биҳиштосо ҳатто дар Парлумон санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба имзо мерасонад.
Савол: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ? (Ба ибораи дигар зан-модар будан мушкилтар шудаст ва ё баръакс?)
Ҷавоб:Мақоми болотару волотарро зан-модари тоҷик дар замони истиқлол ба даст овардааст, зеро ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам то ин давра модари тоҷик, зани тоҷик мартабаи гӯшанишиниро касб кардабуду халос. Агар боз ҳам ба умқи таърих назар афканем, мебинем, ки пушти парда, аз сиёсат дур модар ҳамчун як фарди заминие, ки на дар ҳама ҳолат фикри ӯ, пешниҳоду дардаш барои ободиву озодии мардуми азизу заҳматкашаш ба инобат гирифта мешуд, монда буд. Албатта, ба истиснои қаҳрамонҳои насри ривоятии тоҷику форс, ки дар майдони набард баҳри ободӣ ва озодии меҳану модар дар набард бо душманони сарзамини ниёгонашон буданд, ҳамзамон таърих гувоҳ аст аз мардонагӣ ва матонати Бурондухт, Томирис, Гурдофарид ва дигарон, ки хеле ва хеле ангуштшумор буданд.
Имрӯз сухани модари тоҷик, фикри ӯ, эҳтиромаш дар тамоми қишри ҷомеа ба инобат гирифта мешавад. Ҳатто чанд мақоми хеле бонуфузро дар баробари вакили Парлумон будан, зан-модар идора намуда, сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Ҳукумати Тоҷикистонро дар дохил ва берун аз он муаррифӣ менамояд. Садои озодихоҳонаи модари тоҷик аз минбарҳои бонуфуз садо дода, ҷаҳониёнро ба оромӣ ва сулҳу ваҳдат даъват менамояд. Агар модар аз қарзи доштааш пеши ҷомеа ва фарзандонаш огаҳ бошад, фарҳанги оиладориро хуб донад, ифтихор аз миллату меҳан дошта бошад, бомаърифат бошад, метавонем ӯро модари хушбахт ҳисобем, зеро ин модар пеши фарзандон ва ҷомеа дорои обрӯву эҳтироми хос буда, фарзандҳояшро низ дар доираи ифтихор ба ватану модар ва эҳтиром ба забон тарбия карда метавонад. Фарзанд неъмати илоҳӣ аст, доштани фарзанд ифтихор аст ва тарбияи хубу солеҳ аз ҷониби модар фарз аст.
Савол: Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардед?
Ҷавоб: Албатта, ҳангоми таваллуди гулдухтаронам Шоҳписанд ва Шоҳона. Ин як эҳсосеаст, ки онро гуфта намешавад. Онро танҳо модар метавонад бо тамоми ҳастиаш эҳсос кунаду халос.
Савол: Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бе маълумот, фарқи миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?
Ҷавоб: Ман гумон мекунам, ки оила мактаби бузурге аст, ки роҳбарии он бар дӯши модар асту халос. Хушбахтии духтар дар оянда аз тарбияи модар вобаста аст, зеро модар пойдевори хушбахтиро барои фарзандонаш мегузорад.
Дар яке аз сарчашмаҳо хонда будам: Дар рӯзгор босаводии волидайн фарз аст. Модар нисбат ба падар бояд босаводтар бошад, зеро модар ба тарбияи атфол машғул асту падар ба таъмини рӯзгор.
Пас маълумот ва касбу ҳунарро дар вуҷуди духтар модар бедор мекунад ва модар метавонад бо тарбияи оқилонаву хиради доштааш фарзандро бо ҳама он дастовез, яъне касбу ҳунару фарҳангу маърифат ва хушгуфтории ба мерос гузоштааш ба хонаи бахт гусел намуда, роҳат бошад, ки фарзанд аз тарбияи гирифта дар хонаи падару модар метавонад пеши шавҳар, хонавода ва хешони ӯ сарбаланд бошад.
Савол:Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо чӣ тавр таъмин мекунед?
Ҷавоб: Офаридгор занро бо як муҳаббату самимияти хос ҳаст кардааст ва вазифаи зан низ нур бахшидан ба хонадон аст, зеро бузурге фармудааст, ки:
Зиннати дунё зану дандон бувад,
Бе зану дандон ҷаҳон зиндон бувад.
Ҳақ бар ҷониби ин гӯяндааст. Чун мо фарзандон вориди хонаи падарӣ мешавем, аввал садо мекунем, оча, очаҷон мо омадем.
Чаро ки сафои хона ва вафои он дар чеҳраи хандону нуронии модар дарҷ гардидаасту мо онро эҳсос менамоем ва аз он руҳи тоза мегирем. Ман низ бо аҳли хонаводаам меҳрубонам ва ҳамон фарзеро, ки назди мо занҳо Офаридгори пок гузоштааст, кӯшиш мекунам иҷро намоям. Фарзандон аз чеҳраи хандони модар фараҳ мегиранд ва табассум дар лабонашон мудом лона мегузорад. Ман гумон дорам, ки истилоҳи камбағал ба фарзандони мо низ аз ана ҳамин ҷо сарчашма мегирад.Фарзанде, ки камбағалии падару модарро дидаасту аз онҳо кам гапи хуш шунидаасту силаи дастони модар ба сари фарзанд кам рафтааст, он фарзанд камбағал аст. Яъне нотавон, бечора бекас, бесавод ва бесавоб. Ин оламро сад афсӯс, ки барои фарзанд модар ташкил менамояд ё баръакс.
Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик
-Мудом сарбаланд бошанду беғам. Бо фарзандҳои гиромиашон аз тоҷик ва тоҷикистонӣбуданашон фахр намоянд.
Дар хизмати модарона барои фарзандҳояшон қарор дошта бошанд. Фаромӯш насозанд, ки бузургони олам биҳиштро дар зери қудуми модарон гуфтаанд. Бо ҳама ин бузургӣ арзандаи номи пуршарафи Модар бошанд.Шукрона аз ободиву оромиву тинҷии ин мулки биҳиштосоямон бо сарварии бузургтарин фарзанди фарзонаи миллаткунанд.
Таҳияи Мавҷуда Анварӣ