Шиносоии мактаббачагон бо шароити илмомӯзӣ дар Академияи ВКД
Душанбе, 26.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи сипаригардида дар Академияи ВКД бо ташаббуси ҷамъияти кӯдаконаи экологии «Зумрад» ва роҳбарияти Академия вохӯрӣ ва саёҳати мактаббачагони Мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид.
Мактаббачагон бо шароити таҳсил ва фароғат дар Академияи ВКД шинос шуда, бо силоҳи пневматикӣ тир парронданд. Ин чорабинии ҳарбӣ-ватандӯстӣ шавқи касбии онҳоро бедор карда, мактаббачагон нисбат ба касби пуршарафи милитсия ифтихор пайдо намуданд.
Бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо пайваста дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ гузаронида мешаванд ва барои баланд гардидани ҳисси ватандӯстии мактаббачагону тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии онҳо мусоидат менамоянд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






