Шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти корхонаи коркарди меваи ҶДММ “Меваи Қанд”-и шаҳри Конибодом

Март 24, 2016 12:49

Душанбе, 24.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо фаъолияти корхонаи коркарди меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меваи қанди шаҳри Конибодом, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҳомид Ёқубов бунёд гардидааст, аз наздик шинос шуд.
Тавре ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, корхона бо арзиши лоиҳавии наздики 3 миллион сомонӣ бунёд шуда, дар он анвои мухталифи меваи хушк, ба монанди зардолу, баргак, хушкмева, чормағзи заминӣ ва ғайра коркард мешавад.
Танҳо дар коргоҳи бандубасти меваи хушк 40 нафар сокини маҳаллӣ, ки асосан занону бонувони хонашин мебошанд, бо ҷойи кор ва маош таъмин гардидаанд. Дар сурати ба кор андохтани навбати дуюми коргоҳ, боз 30 нафари дигар бо кор таъмин карда мешавад.
Фаъолияти ин коргоҳ, аз марҳилаҳои шустушӯй сар карда, то ба навъҳо ҷудо намудану хушконидан ва бастабандии маҳсулот бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Иқтидори Корхона дар як шабонарӯз метавонад то 5 тонна меваи хушкро коркрд намояд.
Роҳбарияти корхона талабот ба ин маҳсулотро дар бозорҳои кишварҳои хориҷ санҷида, дар оянда ҳамзамон содироти онро ба Русия ва дигра кишварҳо ба роҳ монданианд.
Соҳибкорони ватанӣ мақсад доранд, ҷиҳати таъмини бемайлони корхона бо маҳсулоти хом ва васеътар ба роҳ мондани фаъолияти он дар майдони 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси корхона ва нақшаҳои нав баҳри бунёди коргоҳҳои дигар, инчунин таъмини сокинон бо кор ба соҳибкорон барору муваффақият орзу намуд.

Март 24, 2016 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар