Шиносоии Сарвари давлат бо фаъолияти фермаи чорводории “Афзали Зарзамин”

Март 26, 2016 10:18

Душанбе, 26.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти фермаи чорводории инноватсионии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Зарзамин” шинос шуд.

Тавре иттилоъ доданд, бинову иншооти фермаи чорводории инноватсионии корхонаи «Афзали Зарзамин» пурра навсозӣ гардида, дар он муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот васлу насб карда шудааст.

Дар ин ҷо 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, музди миёнаи меҳнати онҳо 1200 сомониро ташкил медиҳад. Аксари коргарон дар Олмон таҷриба омӯхтаанд.

Иқтидори дастгоҳу таҷҳизоти ширҷӯшии корхона барои 324 сар моли калони шохдор пешбинӣ шудааст. Дар як шабонарӯз аз ҳар як сар модагов 26 литр ва дар маҷмӯъ 1700 литр шир ҷӯшида мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки давоми 5 соли оянда саршумори модаговҳои ҷӯшоиро ба 1000 сар расонанд. Тавре иттилоъ доданд, аз ҳар сар модагов дар як сол 6 ҳазор литр шир ҷушида мешавад.

Зимни шиносоӣ масъулини хоҷагӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки феълан дар ин ҷо 320 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 130 сар чорвои зотии ширдеҳи Симменталии олмонӣ нигоҳубин карда мешавад. Дар давраи наслгирӣ аз 122 сар модагови зотӣ 100 сар насл гирифта шудааст.

Дар фермаи мазкур таваллудхона барои нигоҳдории гӯсолаҳои навзод, гӯсолаҳои аз дусола калон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар баробари зоти олмонӣ хоҷагӣ дорои 50 сар чорвои калони шохдори сиёҳало мебошад. Маҳсулоти фермаи ширию молии «Афзали Зарзамин»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар корхонаҳои саноатии вилоят коркард шуда, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат фурӯхта мешавад.

Фаъолияти чунин хоҷагиҳо имкон медиҳад, ки саршумори зоти ширдеҳ афзоиш дода шуда, даҳҳо ҷойи нав корӣ таъсис ёбад.

Март 26, 2016 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон