Шоистаи Равшан: Пешвои миллати тоҷикон ба аҳли зиё эҳтироми зиёд дорад
Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ «Ховар»).— «Таасуроти ман аз ин мулоқот хеле рангин аст. Баъди ин мулоқот дар як дунёи афсонаву фасона ворид шудам. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле миннатдор ҳастем, ки моро ба чунин ҳамоиши бузурги фарҳангӣ даъват карданд. Наврӯзи ваҳдатсоз дар ҳақиқат наврӯзе шудааст, ки ҷаҳонӣ, осмонӣ ва кайҳонӣ. Ман ҳамчун нависанда, ҳамчун муҳаққиқи соҳаи фалсафа мегӯям, ки Тоҷикистон дар ҳақиқат Ҷашни Наврӯзро дар сатҳи хеле баланд таҷлил менамоянд»,-мегӯяд Шоистаи Равшан, раиси ташкилоти байналмилалии дастгирӣ барои нависандагони ҷаҳон.
Шоистаи Равшан иброз дошт, ки аз суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хулосае омадам, ки Пешвои миллати тоҷикон ба аҳли зиё эҳтироми зиёд дорад. Чуноне, ки Сарвари давлати тоҷикон гуфтанд «Шоиронро дӯст медорам» ва касе, ки ба шоиру нависандагон арҷ мегузорад, бузург аст.
Номбурда аз фурсат истифода бурда, аз номи нависандагон ва шоирони Қирғизистон мардуми азизи Тоҷикистонро ба Ҷашни Наврӯз табрик намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






